https://sputnik.tj/20220611/lebedev-iqtisod-idm-afzoish-1049113404.html
Сергей Лебедев аз рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар пасманзари вазъи мушкил дар ҷаҳон гуфт
Сергей Лебедев аз рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар пасманзари вазъи мушкил дар ҷаҳон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Давлатҳои ИДМ ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ фавран ҷавоб доданд, ки ин нахуст зиёд кардани тиҷорати байниҳамдигарӣ буд 11.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-11T09:05+0500
2022-06-11T09:05+0500
2022-06-14T21:31+0500
идм
иқтисод
рушд
тиҷорат
сергей лебедев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/39/1028613920_0:95:3049:1810_1920x0_80_0_0_6130c5f10b5fb6535de4b619cb9f1e54.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишварҳои иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъияти душвори иқтисодие, ки дар тамоми ҷаҳон ба амал омадаанд, бартараф карда тавонистанд. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар гузоришҳои ширкаткунандагони ин нишасти ҷаласаи ахири иқтисодии ИДМ тамоюли мусбати равобити тиҷории кишварҳои аъзо гуфта шуд.Номбурда гуфт, ки бар асоси гузориш, оморҳое, ки аз назар гузаронидаанд, сарфи назар аз мушкилоти кунунии иқтисодӣ, тамоми кишварҳои узви Иттиҳод тамоюли мусбати рушдро нигоҳ медоранд. "Бигзор он хурд бошад, дар доираи 4 фоиз, вале бо вучуди ин дар тараккиёти иктисодиёти мамлакатхои иттиход таназзул нест. Ба ҳисоби миёна мо (мушоҳида мекунем) дар кишварҳои ИДМ афзоишро мебинем”, - гуфт Сергей Лебедев.Давлатҳои иттиҳод, гуфт ӯ, ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ зуд вокуниш нишон дода, ҳаҷми савдои байниҳамдигариро дар доираи ИДМ зиёд карданд."Ин ба он таъсири мусбат расонд, ки мо тавонистем баъзе тамоюлҳои манфии вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро рафъ кунем", - афзуд Лебедев.
https://sputnik.tj/20220610/tavofuq-idm-kumak-sadama-hastai-1049092561.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/39/1028613920_58:0:2787:2047_1920x0_80_0_0_76bf816a367c17125bd30f4b855f87c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, иқтисод, рушд, тиҷорат, сергей лебедев
идм, иқтисод, рушд, тиҷорат, сергей лебедев
Сергей Лебедев аз рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар пасманзари вазъи мушкил дар ҷаҳон гуфт
09:05 11.06.2022 (Навсозишуда: 21:31 14.06.2022) Давлатҳои ИДМ ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ фавран ҷавоб доданд, ки ин нахуст зиёд кардани тиҷорати байниҳамдигарӣ буд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишварҳои иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъияти душвори иқтисодие, ки дар тамоми ҷаҳон ба амал омадаанд, бартараф карда тавонистанд. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар дод.
Ӯ гуфт, ки дар гузоришҳои ширкаткунандагони ин нишасти ҷаласаи ахири иқтисодии ИДМ тамоюли мусбати равобити тиҷории кишварҳои аъзо гуфта шуд.
Номбурда гуфт, ки бар асоси гузориш, оморҳое, ки аз назар гузаронидаанд, сарфи назар аз мушкилоти кунунии иқтисодӣ, тамоми кишварҳои узви Иттиҳод тамоюли мусбати рушдро нигоҳ медоранд.
"Бигзор он хурд бошад, дар доираи 4 фоиз, вале бо вучуди ин дар тараккиёти иктисодиёти мамлакатхои иттиход таназзул нест. Ба ҳисоби миёна мо (мушоҳида мекунем) дар кишварҳои ИДМ афзоишро мебинем”, - гуфт Сергей Лебедев.
Давлатҳои иттиҳод, гуфт ӯ, ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ зуд вокуниш нишон дода, ҳаҷми савдои байниҳамдигариро дар доираи ИДМ зиёд карданд.
"Ин ба он таъсири мусбат расонд, ки мо тавонистем баъзе тамоюлҳои манфии вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро рафъ кунем", - афзуд Лебедев.