Тавофуқи кишварҳои ИДМ дар мавриди кумаки мутақобила дар сурати садамаи ҳастаӣ

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев Флаги государств СНГ. Архивное фото
Флаги государств СНГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Ин тасмим дар ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои иқтисодии Ииттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул шуда, ҳадафаш андешидани чораҳои амалӣ дар сурати рух додани фалокатҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Кишварҳои ИДМ тадбирҳои ёрии ҳамдигариро дар сурати рӯй додани фалокати ядроӣ ва ё фавқулоддаи радиатсионӣ тасдиқ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии созмон.
Ҷаласаи 94-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ бо ҳузури намояндагони кишварҳои аъзо дар Қазоқистон ҷараён дорад, ки дар он Тоҷикистонро Давлаталӣ Саид, муоиви сарвазири кишвар оид ба масъалаҳои иқтисодӣ намояндагӣ мекунад.
Яке аз масъалаҳое, ки муҳокима шуд, дар сурати рӯй додани фалокати ядроӣ дар ин мамлакатҳо андешидани чораҳои амалӣ буд.

"Аъзои Шӯрои иқтисодӣ тадбирҳои амалии хабардор кардан аз садамаи ҳастаӣ ё фавқулоддаи радиатсионӣ, ҳаҷм ва мундариҷаи кумакро тасдиқ карданд", - хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Иҷрои ин уҳдадориҳо дар Созишномаи ҳамкорӣ байни кишварҳои ИДМ оид ба омодагӣ ба садамаҳои ҳастаӣ ё ҳолати фавқулоддаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила дар рафъи оқибатҳои онҳо аз 2 ноябри соли 2018 пешбинӣ шудааст.
"Татбиқи ин тадбирҳо муассирии ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар сурати рух додани ҳодисаҳои эҳтимолии марбут ба истифодаи нерӯи атомӣ ба ҳадафҳои осоиштаро беҳтар хоҳад кард", - афзуд Кумитаи иҷроия.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Тахмин карда мешавад, ки кори якҷоя дар сурати рӯй додани фалокати ядроӣ имкон медиҳад, ки оқибатҳои он кам карда шавад ва "ба дараҷаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ умуман дар ИДМ таъсири мусбат мерасонад".
Гуфта мешавад, дар қаламрави кишварҳои созмон пойгоҳҳои ҳастаӣ бунёд мешаванд, истихроҷи уран сурат мегирад, марказҳои таҳқиқотӣ амал мекунанд. Маводи ҳастаӣ ва манбаъҳои радиоактивӣ интиқол дода мешаванд, марзҳоро убур мекунанд ва барои ҳамин зарур аст, ки як низоми ягонаи вокуниш ба ҳолатҳои садамаи ҳастаӣ дар қаламрави ИДМ ташкил карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0