https://sputnik.tj/20220611/kishvarho-idm-naqsha-vokunish-tahrim-1049114548.html
Кишварҳои ИДМ нақшаи вокуниш ба таҳримҳоро таҳия кардаанд
Кишварҳои ИДМ нақшаи вокуниш ба таҳримҳоро таҳия кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷҷат аз дувоздаҳ бахш иборат буда, онро Шӯрои иқтисодии ИДМ тасдиқ кардааст, ки ҳадафаш поин овардани таъсири таҳримот арзёбӣ мешавад
2022-06-11T11:55+0500
2022-06-11T11:55+0500
2022-06-14T21:27+0500
идм
иқтисод
таҳрим
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677538_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d0212b75a8b43bc6225775c776a64b0e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нақшаи вокуниши саривақтӣ ба фишорҳои таҳримии Ғарбро омода кардаанд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко хабар медиҳад.Петришенко гуфт, ки нақша аз 12 фасл иборат буда, онро Шӯрои иқтисодии ИДМ маъқул донистааст. Бахшҳо масъалаҳои нақлиёт, энергетика, тезонидани гардиши мол, фаъолияти минтақаҳои озоди савдоро дар бар мегиранд.Номбурда гуфт, намояндагони кишварҳо таъкид ба он карданд, ки бояд имзои созишномаро дар бораи минтақаи тиҷорати озоди хизматрасонӣ суръат бахшид."Ҳамчунин баррасӣ шуд, ки ҳоло фаъолсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар ИДМ ва ИИАО, содда кардани танзими техникии расмиёт, расмиятҳои гумрукӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба рақамикунонии равандҳо , ки бояд ба суръати ҳаракати молҳо таъсир расонанд, хеле муҳим хонда шуд", - гуфт Игор Петришенко.Ҳамчунин, нақшаи вокуниши муштарак ба мушкилоти қатъи занҷири таъминот, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, дар бар мегирад.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарба мезанад.Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи аслии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст. Вай афзуд, рӯйдодҳои феълӣ хати бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод мешиканад.
https://sputnik.tj/20220611/lebedev-iqtisod-idm-afzoish-1049113404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677538_163:0:884:541_1920x0_80_0_0_655a8da4e6b56e9bc2c400b99aa71c49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм нақша вокуниш таҳрим
Кишварҳои ИДМ нақшаи вокуниш ба таҳримҳоро таҳия кардаанд
11:55 11.06.2022 (Навсозишуда: 21:27 14.06.2022) Ҳуҷҷат аз дувоздаҳ бахш иборат буда, онро Шӯрои иқтисодии ИДМ тасдиқ кардааст, ки ҳадафаш поин овардани таъсири таҳримот гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нақшаи вокуниши саривақтӣ ба фишорҳои таҳримии Ғарбро омода кардаанд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко хабар медиҳад.
Петришенко гуфт, ки нақша аз 12 фасл иборат буда, онро Шӯрои иқтисодии ИДМ маъқул донистааст. Бахшҳо масъалаҳои нақлиёт, энергетика, тезонидани гардиши мол, фаъолияти минтақаҳои озоди савдоро дар бар мегиранд.
Номбурда гуфт, намояндагони кишварҳо таъкид ба он карданд, ки бояд имзои созишномаро дар бораи минтақаи тиҷорати озоди хизматрасонӣ суръат бахшид.
"Ҳамчунин баррасӣ шуд, ки ҳоло фаъолсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар ИДМ ва ИИАО, содда кардани танзими техникии расмиёт, расмиятҳои гумрукӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба рақамикунонии равандҳо , ки бояд ба суръати ҳаракати молҳо таъсир расонанд, хеле муҳим хонда шуд", - гуфт Игор Петришенко.
Ҳамчунин, нақшаи вокуниши муштарак ба мушкилоти қатъи занҷири таъминот, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, дар бар мегирад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарба мезанад.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи аслии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст. Вай афзуд, рӯйдодҳои феълӣ хати бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод мешиканад.