https://sputnik.tj/20220611/gharb-kiev-zaminhoyash-dast-kashad-1049120779.html
Дар Канада тасдиқ карданд, ки Ғарб мехоҳад Киев аз баъзе заминҳояш даст кашад
Дар Канада тасдиқ карданд, ки Ғарб мехоҳад Киев аз баъзе заминҳояш даст кашад
Sputnik Тоҷикистон
Вакили канадагӣ гуфт, ки "хаста шудани" Иттиҳодияи Аврупо аз Украина боиси тасмимҳои муайяни Ғарб шудааст - Киевро ба гузаштҳо водор мекунанд
2022-06-11T20:15+0500
2022-06-11T20:15+0500
2022-06-14T20:27+0500
украина
ғарб
киев
замин
даст кашидан
канада
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/48/1029054861_0:174:3023:1874_1920x0_80_0_0_630d984ccea9ef22b6677e1c860bc88a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. "Хастагӣ"-и кишварҳои аврупоӣ аз Украина маълум аст, гуфт Иван Бейкер, вакили парлумони Канада аз Ҳизби либералӣ. Вай таъйид кард, ки ин дар даъватҳои давлатҳои ғарбӣ аз Киев барои додани бахше аз заминҳояш дида мешавад."Дар баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хастагӣ аз Украина вуҷуд дорад. Масалан, президенти Фаронса Эммануэл Макрон чанде пеш гуфт, ки Русияро ором кардан лозим аст. Онҳо гуфтанд, ки Украина шояд аз қаламравҳо даст кашад. Бале, чунин гуфтугӯҳо ҳастанд ва ин маро хеле нигарон мекунад", - гуфт Бейкер. Қаблан Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина гуфт, ки ба далели он, ки ҷаҳон аз вазъ дар Украина ташаннуҷ эҳсос мекунад, вай талошҳои Ғарбро барои мутақоид кардани Киев ба шартҳои номусоид дар созиш бо Русия мушоҳида мекунад. Украина ва Федератсияи Русия тақрибан аз оғози амалиёти низомии Русия барои ҳалли мусолиматомези низоъ музокира мекунанд, аммо дар моҳи апрел муколама қатъ шуд. Вазорати умури хориҷаи Русия баъдан изҳор дошт, ки худи Киев музокиротро қатъ кардааст ва ба пешниҳодҳои Маскав дар бораи шартҳои созишнома вокуниш нишон надодааст.Зеленский мехоҳад Украинаро ба кишвари дигар "ҳадя" кунадБа гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, мақомоти Украина пайваста дар изҳорот бо ҳамдигар мухолифат мекунанд, ки ин тасмими возеҳи Киевро фаҳмидан ғайриимкон мекунад.
https://sputnik.tj/20220610/buzdili-zelenskiy-ukraina-russia-1049090867.html
украина
ғарб
киев
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/48/1029054861_146:0:2877:2048_1920x0_80_0_0_4dd92d14b2a30801dac8a679c6111747.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб, киев, заминҳоя, даст кашад
ғарб, киев, заминҳоя, даст кашад
Дар Канада тасдиқ карданд, ки Ғарб мехоҳад Киев аз баъзе заминҳояш даст кашад
20:15 11.06.2022 (Навсозишуда: 20:27 14.06.2022) Вакили канадагӣ гуфт, ки "хаста шудан"-и Иттиҳодияи Аврупо аз Украина боиси тасмимҳои муайяни Ғарб шудааст, яъне Киевро ба гузаштҳо водор мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. "Хастагӣ"-и кишварҳои аврупоӣ аз Украина маълум аст, гуфт Иван Бейкер, вакили парлумони Канада аз Ҳизби либералӣ.
Вай таъйид кард, ки ин дар даъватҳои давлатҳои ғарбӣ аз Киев барои додани бахше аз заминҳояш дида мешавад.
"Дар баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хастагӣ аз Украина вуҷуд дорад. Масалан, президенти Фаронса Эммануэл Макрон чанде пеш гуфт, ки Русияро ором кардан лозим аст. Онҳо гуфтанд, ки Украина шояд аз қаламравҳо даст кашад. Бале, чунин гуфтугӯҳо ҳастанд ва ин маро хеле нигарон мекунад", - гуфт Бейкер.
Қаблан Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина гуфт, ки ба далели он, ки ҷаҳон аз вазъ дар Украина ташаннуҷ эҳсос мекунад, вай талошҳои Ғарбро барои мутақоид кардани Киев ба шартҳои номусоид дар созиш бо Русия мушоҳида мекунад.
Украина ва Федератсияи Русия тақрибан аз оғози амалиёти низомии Русия барои ҳалли мусолиматомези низоъ музокира мекунанд, аммо дар моҳи апрел муколама қатъ шуд.
Вазорати умури хориҷаи Русия баъдан изҳор дошт, ки худи Киев музокиротро қатъ кардааст ва ба пешниҳодҳои Маскав дар бораи шартҳои созишнома вокуниш нишон надодааст.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, мақомоти Украина пайваста дар изҳорот бо ҳамдигар мухолифат мекунанд, ки ин тасмими возеҳи Киевро фаҳмидан ғайриимкон мекунад.