https://sputnik.tj/20220610/buzdili-zelenskiy-ukraina-russia-1049090867.html
Шеремет: Буздилии Зеленский ошкор шуд
Шеремет: Буздилии Зеленский ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Украина худро ба гӯшае бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест. Ӯ ҳамчунин роҳи муколама бо Русияро баст
2022-06-10T17:35+0500
2022-06-10T17:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
владимир зеленский
тарс
сиёсат
таҳримот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048655564_0:0:512:289_1920x0_80_0_0_995f353707569ed6d24ba847d3692dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дархости таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо риёкорӣ, беҳаёӣ, пастӣ ва буздилӣ гиреҳ хӯрдааст, ки касро ҳайратзада мекунад.Чунин андешаро вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет баён дошт. Ба гуфтаи вакили парлумон, раҳбари Украина "худро ба кунҷе бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест". Ба эътиқоди Шеремет, раисҷумҳури Украина бо ҳамин гуна кирдорҳо тамоми роҳҳои муколамаи созанда бо Русияро баст. "Зеленский роҳи худро барои несту нобуд кардани мардуми Украина идома медиҳад. Вай ба Украина танҳо бадбахтӣ овард", - гуфт вакил. Вай изҳори умедворӣ кард, раисҷумҳури кишвари ҳамсоя "пеш аз он ки дер шавад, аз иштибоҳҳояш дарси ибрат гирифта, роҳи дигареро барои кишвараш интихоб хоҳад кард". Шеремет гуфт, Русияро наметавон бо таҳримҳо тарсонд, ки бар замми ин таъсири баръакс низ дорад. Вай таъкид кард, ки таслими режими Киев ногузир аст ва лағви маҳдудиятҳо "дур нест".Зеленский мехоҳад Украинаро ба кишвари дигар "ҳадя" кунад"Дар ҳашт соли ахир на кишварҳои ғарбӣ ва на Украина аз тариқи таҳримҳо алайҳи Русия чизе ба даст наоварданд. Кишвари мо қодир аст, ба ҳар зарба тоб оварад", - хулоса кард вакил дар суҳбат бо РИА "Новости". Қаблан Зеленский фармон дар бораи татбиқи таҳримҳои хусусӣ алайҳи давлатдорони Русияро имзо карда буд.
https://sputnik.tj/20220608/sarnavisht-dahshatbor-zelenskiy-1049029830.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048655564_12:0:511:374_1920x0_80_0_0_099469907ab3f316503d2d8c85c4b4e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кирдор, ношоям, владимир зеленский
кирдор, ношоям, владимир зеленский
Шеремет: Буздилии Зеленский ошкор шуд
17:35 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Украина худро ба гӯшае бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест. Ӯ ҳамчунин роҳи муколама бо Русияро баст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дархости таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо риёкорӣ, беҳаёӣ, пастӣ ва буздилӣ гиреҳ хӯрдааст, ки касро ҳайратзада мекунад.
Чунин андешаро вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет баён дошт.
"Зеленский ахиран изҳор дошт, ки мехоҳад бо президенти Русия мулоқот кунад, сари мизи музокира нишинад ва фавран алайҳи афроди аввалини давлати мо, ки мехост, бо онҳо мулоқот кунад, таҳрим ҷорӣ кунад", - ёдрас шуд ӯ.
Ба гуфтаи вакили парлумон, раҳбари Украина "худро ба кунҷе бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест".
Ба эътиқоди Шеремет, раисҷумҳури Украина бо ҳамин гуна кирдорҳо тамоми роҳҳои муколамаи созанда бо Русияро баст.
"Зеленский роҳи худро барои несту нобуд кардани мардуми Украина идома медиҳад. Вай ба Украина танҳо бадбахтӣ овард", - гуфт вакил.
Вай изҳори умедворӣ кард, раисҷумҳури кишвари ҳамсоя "пеш аз он ки дер шавад, аз иштибоҳҳояш дарси ибрат гирифта, роҳи дигареро барои кишвараш интихоб хоҳад кард".
Шеремет гуфт, Русияро наметавон бо таҳримҳо тарсонд, ки бар замми ин таъсири баръакс низ дорад. Вай таъкид кард, ки таслими режими Киев ногузир аст ва лағви маҳдудиятҳо "дур нест".
"Дар ҳашт соли ахир на кишварҳои ғарбӣ ва на Украина аз тариқи таҳримҳо алайҳи Русия чизе ба даст наоварданд. Кишвари мо қодир аст, ба ҳар зарба тоб оварад", - хулоса кард вакил дар суҳбат бо РИА "Новости".
Қаблан Зеленский фармон дар бораи татбиқи таҳримҳои хусусӣ алайҳи давлатдорони Русияро имзо карда буд.