https://sputnik.tj/20220211/putin-khost-hamkori-beshtar-idm-video-1045781158.html
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонд 11.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-11T20:20+0500
2022-02-11T20:20+0500
2022-02-11T20:51+0500
дар русия
идм
владимир путин
шарики стратегӣ
амният ва мудофиа
шӯрои амнияти фр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045499263_0:0:3203:1802_1920x0_80_0_0_dc0c0c165873927c099c6125e709efa4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш муносибот бо кишварҳои узви ИДМ- ро баррасӣ кард. Вай ҳамкорӣ бо ин давлатҳоро дар оғози ҷаласа аз мавзуъҳои калидӣ гуфт. Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз ИДМ роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи мол сурат гирифта истодааст. "Бо бисёрашон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкорӣ дорем", - зикр намуд ӯ ӯ. Ба гуфтаи Путин, ҳаводиси охир нишон медиҳанд, ки ин ҳама ҳамкорӣ натиҷаҳои мусбат дода истода, зарурист. "Мо имрӯз бо шумо дар ин бора суҳбат мекунем, ки чӣ тавр механизмҳоеро, ки тайи солҳои охир дар ин самт ташаккул ёфтаанд, такмил диҳем", - таъкид намуд президенти Русия. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия, сарвазир Михаил Мишустин, роҳбарони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ, Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин, ноиби раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Антон Вайно, котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, вазири мудофиа Сергей Шойгу, мудири Хадамоти федералии амният Александр Бортников, сардори Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин ва фиристодаи вижаи президент дар умури ҳифзи табиат, экология ва нақлиёт Сергей Иванов иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки феълан Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон шомили ИДМ мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045499263_277:0:3008:2048_1920x0_80_0_0_df44e234ce507a3ef783b3d9ea3f4a08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, идм, владимир путин, шарики стратегӣ, амният ва мудофиа, шӯрои амнияти фр
дар русия, идм, владимир путин, шарики стратегӣ, амният ва мудофиа, шӯрои амнияти фр
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
20:20 11.02.2022 (Навсозишуда: 20:51 11.02.2022) Раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш муносибот бо кишварҳои узви ИДМ- ро баррасӣ кард. Вай ҳамкорӣ бо ин давлатҳоро дар оғози ҷаласа аз мавзуъҳои калидӣ гуфт.
"Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо - муносибот бо кишварҳои ИДМ дар қаламрави собиқ шӯравӣ мебошад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин мавзуъ барои мо калидист", - изҳор дошт Путин.
Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз ИДМ роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи мол сурат гирифта истодааст.
"Бо бисёрашон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкорӣ дорем", - зикр намуд ӯ ӯ.
Ба гуфтаи Путин, ҳаводиси охир нишон медиҳанд, ки ин ҳама ҳамкорӣ натиҷаҳои мусбат дода истода, зарурист.
"Мо имрӯз бо шумо дар ин бора суҳбат мекунем, ки чӣ тавр механизмҳоеро, ки тайи солҳои охир дар ин самт ташаккул ёфтаанд, такмил диҳем", - таъкид намуд президенти Русия.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия, сарвазир Михаил Мишустин, роҳбарони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ, Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин, ноиби раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Антон Вайно, котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, вазири мудофиа Сергей Шойгу, мудири Хадамоти федералии амният Александр Бортников, сардори Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин ва фиристодаи вижаи президент дар умури ҳифзи табиат, экология ва нақлиёт Сергей Иванов иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон шомили ИДМ мебошанд.