https://sputnik.tj/20220610/taloshi-hukumat-tamini-sokinoni-rushon-kor-1049093569.html
45 ҷойи кор - талоши ҳукумат барои таъмини сокинони Рӯшон ба кор
45 ҷойи кор - талоши ҳукумат барои таъмини сокинони Рӯшон ба кор
Sputnik Тоҷикистон
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ки аз тарафи вазорати меҳнати Тоҷикистон ташкил карда шуд, барои 250 довталаб 45 ҷойи кор пешниҳод шудааст
2022-06-10T16:20+0500
2022-06-10T16:20+0500
2022-06-10T17:48+0500
дар тоҷикистон
рӯшон
ҷойи кор
таъмин кардан
сокинон
вазорати меҳнат
меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/75/1030067515_0:111:3000:1799_1920x0_80_0_0_6fa3126c5b9c68b0106d33b92dbb6924.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи сафари ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.Тибқи иттилои манбаъ, Муродзода Дӯстмурод Ҳайит, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни пешниҳоди гузориш аз натиҷаи баргузории ярмарка иттилоъ дод, ки сокинони ноҳияи Рӯшон зиндагии орому осоишта дошта, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд ва дар ярмарка 250 нафар иштирок намуданд.“Ба онҳо аз ҷониби 15 корхонаю ташкилоти ҳудуди ноҳия 45 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки ҳамагӣ 4 нафар мутобиқ ба талаботи корфармо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Ба зиёда аз 60 нафар барои соҳибкасб гардидан дар заминаи филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" роҳхат дода шуд”, - қайд кард мақомдори тоҷик.Ҳамзамон вай қайд кард, ки 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ сафарбар шуда, 35 нафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар филиали МД “Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа” номнавис шуданд.Бояд гуфт, ки ноҳияи Рӯшон 26 ҳазору 214 нафар аҳолӣ дошта, аҳолии қобили меҳнати он 13853 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2671 нафар кироякор буда, шахсони ба шуғли даромаднок машғул дар ин ноҳия 7801 нафар мебошанд.Масъулини Вазорати меҳнат илова карданд, ки дар ноҳия курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ мунтазам ташкил карда мешаванд ва соли ҷорӣ дар чунин курсҳо 79 нафар соҳиби касб гардидаанд.Зикр гардид, ки дар курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ 60 нафар хунарҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофиро омӯхта, айни замон фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20220610/kohishi-nazarras-istifoda-mehnati-kudakon-tojikiston-1049091665.html
рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/75/1030067515_283:0:2950:2000_1920x0_80_0_0_87b3bf65c59434f353ebe607ac053f36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳукумат, сокинон, рӯшон, ҷойи кор, таъмин,
тоҷикистон, ҳукумат, сокинон, рӯшон, ҷойи кор, таъмин,
45 ҷойи кор - талоши ҳукумат барои таъмини сокинони Рӯшон ба кор
16:20 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:48 10.06.2022) Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ки аз тарафи Вазорати меҳнати Тоҷикистон ташкил карда шуд, барои 250 довталаб 45 ҷойи кор пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи сафари ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ, Муродзода Дӯстмурод Ҳайит, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни пешниҳоди гузориш аз натиҷаи баргузории ярмарка иттилоъ дод, ки сокинони ноҳияи Рӯшон зиндагии орому осоишта дошта, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд ва дар ярмарка 250 нафар иштирок намуданд.
“Ба онҳо аз ҷониби 15 корхонаю ташкилоти ҳудуди ноҳия 45 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки ҳамагӣ 4 нафар мутобиқ ба талаботи корфармо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Ба зиёда аз 60 нафар барои соҳибкасб гардидан дар заминаи филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" роҳхат дода шуд”, - қайд кард мақомдори тоҷик.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ сафарбар шуда, 35 нафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар филиали МД “Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа” номнавис шуданд.
“Доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба муносибаҳои меҳнатӣ, инчунин бозомӯзӣ ва касбомӯзӣ мутаносибан ба 52 ва 100 нафар мутахассиси соҳа машварати ҳуқуқӣ ва касбӣ доданд”, - афзуд Муродзода Дӯстмурод Ҳайит.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Рӯшон 26 ҳазору 214 нафар аҳолӣ дошта, аҳолии қобили меҳнати он 13853 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2671 нафар кироякор буда, шахсони ба шуғли даромаднок машғул дар ин ноҳия 7801 нафар мебошанд.
Масъулини Вазорати меҳнат илова карданд, ки дар ноҳия курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ мунтазам ташкил карда мешаванд ва соли ҷорӣ дар чунин курсҳо 79 нафар соҳиби касб гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ 60 нафар хунарҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофиро омӯхта, айни замон фаъолият доранд.