https://sputnik.tj/20220610/kohishi-nazarras-istifoda-mehnati-kudakon-tojikiston-1049091665.html
Мақомот дар бораи коҳиши назарраси истифода аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯянд
Мақомот дар бораи коҳиши назарраси истифода аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
2022-06-10T17:00+0500
2022-06-10T17:00+0500
2022-06-10T17:56+0500
дар тоҷикистон
коҳиш
меҳнат
кӯдакон
вазорати меҳнат
истифода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/04/1022630477_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_b45ec165d5821ad53ffe7e2a5b3bc744.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола 12 июн дар тамоми ҷаҳон доир мегардад, иттилоъ доданд, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.Тибқи иттилои манбаъ, дар оғози ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло иброз дошт, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи сиёсати пешгирифта, яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дониста мешаванд.Муовини вазир илова кард, ки яке аз 17 ҳадафи рушди устувор “қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум аз байн бурдани меҳнати кӯдакон” аст.Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, системаи мониторинги меҳнати кӯдак, назорати он ва дигар роҳҳои таъсирасонро дар ин самт татбиқ намуда истодааст.Ҳамзамон дар ин ҳамоиш масъули Барномаи ҳифзи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа маърӯза ва суханронӣ намуда, барои тақвияти фаъолияти ҳама сохторҳо дар самти барҳам додани меҳнати кӯдакон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, ҷалби онҳо ба таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии оилаҳои осебпазир таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
https://sputnik.tj/20220227/past-kardani-sathi-shughli-qaydgiriftanashuda-1046316848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/04/1022630477_157:0:2380:1667_1920x0_80_0_0_69aee66ec48b8a48c30297b0e01006c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коҳиш, меҳнат, кӯдакон, мақомот, вазорати меҳнат
тоҷикистон, коҳиш, меҳнат, кӯдакон, мақомот, вазорати меҳнат
Мақомот дар бораи коҳиши назарраси истифода аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯянд
17:00 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:56 10.06.2022) Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола 12 июн дар тамоми ҷаҳон доир мегардад, иттилоъ доданд, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар оғози ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло иброз дошт, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи сиёсати пешгирифта, яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дониста мешаванд.
“Масъалаи ҳифзи кӯдакон ба Низомномаи ТБМ аз оғози ташкилёбиаш - соли 1919 ворид карда шудааст. Яке аз Конвенсияҳои аввалине, ки ТБМ қабул намудааст, ин Конвенсия дар бораи синни ҳадди аққали қабул ба кор дар истеҳсолот мебошад”, - таъкид кард ӯ.
Муовини вазир илова кард, ки яке аз 17 ҳадафи рушди устувор “қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум аз байн бурдани меҳнати кӯдакон” аст.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, системаи мониторинги меҳнати кӯдак, назорати он ва дигар роҳҳои таъсирасонро дар ин самт татбиқ намуда истодааст.
“Тибқи таҳлилҳо истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст”, - зикр кард Маҳмадуллозода Нурулло.
Ҳамзамон дар ин ҳамоиш масъули Барномаи ҳифзи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа маърӯза ва суханронӣ намуда, барои тақвияти фаъолияти ҳама сохторҳо дар самти барҳам додани меҳнати кӯдакон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, ҷалби онҳо ба таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии оилаҳои осебпазир таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.