https://sputnik.tj/20220610/sokin-kherson-shahrvandi-rusiya-1049089466.html
Ҳазорҳо сокини Херсон шаҳрвандии Русияро дархост кардаанд
Ҳазорҳо сокини Херсон шаҳрвандии Русияро дархост кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши сокинони вилояти Херсон барои гирифтани шаҳрвандии Русия бузург арзёбӣ гардида, мақомоти минтақа мегӯянд, аллакай ҳазорҳо дархостро дастрас намуданд
2022-06-10T14:00+0500
2022-06-10T14:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
иҷтимоъ
херсон
амалиёт
низомӣ
шиноснома
дархост
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042839810_0:112:3245:1937_1920x0_80_0_0_8cff8bc13bed13faad60420bd8c3bb58.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳазорҳо сокини вилояти Херсон аллакай барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост пешниҳод кардаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли ноиби мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандии ин вилоят Кирилл Стремоусов. Вай қаблан аз нияти пайвастани Херсон ба Русия суҳбат намуда, изҳор карда буд, ки дар айни ҳол масъалаи аввалиндараҷа ин беҳбуди вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.Ба гуфтаи Стремоусов, дар оянда марзҳо байни Қрим ва вилояти Херсон бардошта мешаванд, ки барои интиқоли гандуму ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар кишварҳо низ мусоидат мекунад. Феълан дар минтақа мудирияти низомии шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220610/marz-qrim-kherson-1049088151.html
херсон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042839810_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_81335318b18f8faaf811765461929708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дархост, зиёд, херсон, шаҳрвандӣ, русия
дархост, зиёд, херсон, шаҳрвандӣ, русия
Ҳазорҳо сокини Херсон шаҳрвандии Русияро дархост кардаанд
14:00 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Хоҳиши сокинони вилояти Херсон барои гирифтани шаҳрвандии Русия зиёд арзёбӣ гардида, мақомоти минтақа мегӯянд, ҳазорҳо дархост дар ин хусус дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳазорҳо сокини вилояти Херсон аллакай барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост пешниҳод кардаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли ноиби мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандии ин вилоят Кирилл Стремоусов.
"Садҳо нафар ҳамарӯза дархости гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод мекунанд. Мардум, воқеан, хоҳиши зиёд доранд", - гуфт ӯ.
Вай қаблан аз нияти пайвастани Херсон ба Русия суҳбат намуда, изҳор карда буд, ки дар айни ҳол масъалаи аввалиндараҷа ин беҳбуди вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.
Ба гуфтаи Стремоусов, дар оянда марзҳо байни Қрим ва вилояти Херсон бардошта мешаванд, ки барои интиқоли гандуму ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар кишварҳо низ мусоидат мекунад.
Феълан дар минтақа мудирияти низомии шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.