https://sputnik.tj/20220607/sigar-ashraf-ghani-million-dollar-afghoniston-gurekht-1049008380.html
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
Sputnik Тоҷикистон
Бозраси вижаи Амрико дар умури Афғонистон воқеъияти фирори Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш бо 169 миллион долларро таҳқиқ мекунад
2022-06-07T19:20+0500
2022-06-07T19:20+0500
2022-06-07T20:46+0500
афғонистон
амрико
ашраф ғанӣ
фирор
пул
таҳқиқ
гузориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5871d2e131040aa1f3cc5e9ab3d0b5db.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ёфтаҳои мунташиршуда аз сӯйи ниҳоди амрикоӣ мавсум ба Бозраси кулли вижа барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) нишон медиҳад, ки дар замони суқути ҳукумати Кобул тобистони соли гузашта Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш ҳангоми фирорашон бо чархбол шояд то 500 ҳазор доллар бо худ бурда бошанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ин манбаъ қайд кардааст, ки ин маблағ аз як миллион доллар зиёд набуд.Ҷон Сепко, бозраси вижаи ИМА дар номае ёфтаҳои SIGAR-ро бо қонунгузорони амрикоӣ навиштааст, ки агарчи SIGAR дарёфтааст, ки миқдори пули нақд аз маҳавватаи қасри раисҷумҳур гирифта шуда ва дар чархболҳо боргирӣ шудааст, аммо шоҳидон нишон медиҳнд, ки ин рақам аз як миллион доллар таҷовуз намекунад.Ба гуфтаи вай, ин миқдор пул метавонад ҳудуди 500 ҳазор доллар бошад.Инҳо ёфтаҳои гузориши SIGAR дар бораи дуздии пул аз Афғонистон аст, дар ҳоле ки интизор меравад, гузориши ниҳоии ин мавзуъ баъдан мунташир шавад.Аммо дар ин гузориш гуфта шудааст, ки муайян намудани он ки миллионҳо долларро дар Афғонистон кӣ дуздидааст, мушкил аст, зеро сабти асноди давлатӣ ва назорати амниятӣ ҳоло ба дасти толибон уфтодааст.Ин бозраси кул дар гузоришаш пас аз анҷоми беш аз 30 мусоҳиба бо мансабдорони собиқи Афғонистон гуноҳи Ашраф Ғанӣ дар дуздии пулҳоро рад кард, зеро ӯ ва мушовиронаш бар хуруҷи сареъ ба ҳамроҳи теъдоди афроди бештар аз зарфияти чархболҳо мутамаркиз буданд.Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бештари ин маболиғ аз буҷаи амалиётии ҳукумати Афғонистон буданд ва маъмулан дар Кохи раёсатҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешуданд.Бар асоси ин гузориш, ин миқдор пул ба ҳамаи афроде тааллуқ дошт, ки бо чархболҳои ҳомили Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Кобул фирор карданд.Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.Ашраф Ғанӣ дар паёме дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед.”
https://sputnik.tj/20220502/ashraf-ghani-mushoviri-hukumati-tolibon-1048133078.html
https://sputnik.tj/20220521/sami-sodot-ghani-general-javoni-afghoniston-etimod-1048616024.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_6f31987447e946cede01d5e488c5a319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, афғонистон, осиёи марказӣ, ашраф ғанӣ, фирор, пул, доллар
амрико, афғонистон, осиёи марказӣ, ашраф ғанӣ, фирор, пул, доллар
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
19:20 07.06.2022 (Навсозишуда: 20:46 07.06.2022) Бозраси вижаи Амрико дар умури Афғонистон воқеияти фирори Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш бо 169 миллион долларро таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ёфтаҳои мунташиршуда аз сӯйи ниҳоди амрикоӣ мавсум ба Бозраси кулли вижа барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) нишон медиҳад, ки дар замони суқути ҳукумати Кобул тобистони соли гузашта Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш ҳангоми фирорашон бо чархбол шояд то 500 ҳазор доллар бо худ бурда бошанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин манбаъ қайд кардааст, ки ин маблағ аз як миллион доллар зиёд набуд.
Ҷон Сепко, бозраси вижаи ИМА дар номае ёфтаҳои SIGAR-ро бо қонунгузорони амрикоӣ навиштааст, ки агарчи SIGAR дарёфтааст, ки миқдори пули нақд аз маҳавватаи қасри раисҷумҳур гирифта шуда ва дар чархболҳо боргирӣ шудааст, аммо шоҳидон нишон медиҳнд, ки ин рақам аз як миллион доллар таҷовуз намекунад.
Ба гуфтаи вай, ин миқдор пул метавонад ҳудуди 500 ҳазор доллар бошад.
Инҳо ёфтаҳои гузориши SIGAR дар бораи дуздии пул аз Афғонистон аст, дар ҳоле ки интизор меравад, гузориши ниҳоии ин мавзуъ баъдан мунташир шавад.
Аммо дар ин гузориш гуфта шудааст, ки муайян намудани он ки миллионҳо долларро дар Афғонистон кӣ дуздидааст, мушкил аст, зеро сабти асноди давлатӣ ва назорати амниятӣ ҳоло ба дасти толибон уфтодааст.
Ин бозраси кул дар гузоришаш пас аз анҷоми беш аз 30 мусоҳиба бо мансабдорони собиқи Афғонистон гуноҳи Ашраф Ғанӣ дар дуздии пулҳоро рад кард, зеро ӯ ва мушовиронаш бар хуруҷи сареъ ба ҳамроҳи теъдоди афроди бештар аз зарфияти чархболҳо мутамаркиз буданд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бештари ин маболиғ аз буҷаи амалиётии ҳукумати Афғонистон буданд ва маъмулан дар Кохи раёсатҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Бар асоси ин гузориш, ин миқдор пул ба ҳамаи афроде тааллуқ дошт, ки бо чархболҳои ҳомили Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Кобул фирор карданд.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед.”