Дар ИМА эътироф карданд, ки таҳримот алайҳи Русия нархҳоро гарон кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАмериканский флаг. Вашингтон
Американский флаг. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Федератсияи Русия боиси болоравии нархи ғизо ва бензин шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ИМА эътироф карданд, ки таҳримҳои зидди Русия дар робита ба ҳаводиси Украина боиси афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар бозори Амрико шудааст.
Дар ин бора Вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷанат Йеллен гуфтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Таҳримоти мо алайҳи Русия, воқеан, ба қимати ғизо ва сӯзишворӣ таъсир мерасонад", - гуфт Йеллен зимни баҳсе, ки рӯзномаи "New York Times" баргузор кард.
Вазири молияи ИМА изҳори итминон кард, ки коҳиши қобили мулоҳизаи қимати маводи сӯхтро дар ИМА дар ояндаи наздик набояд интизор шуд.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
“Расвоӣ!” Сенатори амрикоӣ ба Байден барои кораш баҳои як гузошт
Йеллен ҳамчунин иқрор шуд, ки дар партави ҳаводиси геополитикии ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Амрико коҳиш хоҳад ёфт, аммо набояд аз таназзул дар иқтисод ҳаросид.
"Ман фикр намекунам, ки мо дар ҳоли таназзул қарор дорем", - гуфт вазири молияи ИМА.
Байден ҳадафи Амрико дар низои Украинаро номид
Вашингтон борҳо таъкид кардааст, ки дар сатҳи "ғайриқобили қабул"-и иқтисодӣ қарор дорад ва афзоиши онро бо пайомадҳои буҳрони Украина рабт дода, дар баробари ин иттилоот дар мавриди афзоиши таваррум дар иқтисод дар замони пандемияи коронавирусро рад кардааст.
Лентаи хабарҳо
0