https://sputnik.tj/20220610/elon-sabab-barkanori-jamoliddin-nuraliev-1049093136.html
Эълони сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев
Эълони сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон баъди 7 соли кораш дар ин мақом аз вазифа барканор шуд. Фармони президент дар ин бора ба имзо расидааст
2022-06-10T14:28+0500
2022-06-10T14:28+0500
2022-06-10T17:06+0500
дар тоҷикистон
молия
ҷамолиддин нуралиев
барканорӣ
фармон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/53/1022895319_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_89b176b2e3fafe026cae71de319c7daf.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Дар фармони барканории Нуралиев, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 10 июн онро имзо кардааст, сабаби барканории ӯ аз симматаш гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. "Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад", - омадааст дар фармон. Дар мавриди ҷойи кори нави Нуралиев, ки далели барканорияш шудааст, ҳанӯз иттилое мунташир нашудааст. Ӯ дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст. Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд. Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.
https://sputnik.tj/20220310/bonki-milli-guft-charo-qurbi-dollar-dar--tojikiston-yakbora-garon-shud-1046664074.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/53/1022895319_76:0:965:667_1920x0_80_0_0_4ab165d251aa02ec9cc6f4f1dc2e08f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамолиддин нуралиев, барканорӣ
ҷамолиддин нуралиев, барканорӣ
Эълони сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев
14:28 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:06 10.06.2022) Ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон баъди 7 соли кор дар ин мақом аз вазифааш барканор шуд. Дар фармони президент сабаби барканорӣ зикр гардидааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Дар фармони барканории Нуралиев, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 10 июн онро имзо кардааст, сабаби барканории ӯ аз симматаш гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
"Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад", - омадааст дар фармон.
Дар мавриди ҷойи кори нави Нуралиев, ки далели барканорияш шудааст, ҳанӯз иттилое мунташир нашудааст.
Ӯ дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.
Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.
Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.