Пешгӯии сарнавишти даҳшатбори Зеленский ва Украина

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит Восточного партнерства
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Сиёсати мақомоти Украина дар ниҳоят ин кишварро хароб хоҳад кард: боз як ташаббуси пурсарусадо метавонад ба дасти "соҳибон"-и ғарбии режими Киев бозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Давлатдории Украина дар ниҳоят аз байн хоҳад рафт. Дар ин бора раҳбари Қрим Сергей Аксенов дар канали "Telegram"-и худ навиштааст.
Вай қайд кард, сиёсати Киев, ки мақсад аз он "русизудоӣ ва комунистзудоӣ" мебошад, ба чунин оқибатҳо оварда мерасонад.
Аксенов таъкид кард, "имконпазир аст, ки ин ҳадафи аслии хоҷагони ғарбии режими Киев бошад".
Ба гуфтаи ӯ, "ҳар он чизе, ки бо ин сарзамин ва мардуме, ки онҳо гаравгон гирифтаанд, вобаста аст, ба режим халал мерасонад: забон, фарҳанг, таърих, ёдгориҳо, худи мардум ба онҳо халал мерасонанд".
Дар баробари ин Киеви расмӣ бо яроқу аслиҳа, корхонаҳо, инфраструктура ва технологияи советӣ зиддият надорад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Зеленский иқрор шуд, ки Украина тавони ҳамла надорад
Раҳбари Қрим ҳамчунин гуфт, ба мақомот "ҳудудҳое, ки Украинаи муосир ҳамчун туҳфа аз подшоҳони Русия ва раҳбарони коммунистӣ гирифтааст", халал намерасонанд.
Барҳам додани давлатдории бемаънӣ ва бераҳмонаи Украина, ки бо баҳонаи “ҳимоя аз таҷовузи Русия” ҳамаро ба ташвиш овардааст, дар рӯҳияи Иёлоти Муттаҳида аст, бовар дорад Аксенов.
Дар баробари ин амрикоиҳо умедворанд, ки Русия ва Аврупоро заиф карда, аз маҷмаи саноатии низомии худ пуштибонӣ карда, суди сиёсиву иқтисодии бештар ба даст оранд, гуфт раиси Қрим.
СММ туҳматҳои Украина нисбати Русия дар бораи дуздии ғалларо тасдиқ накард
Аксенов бо ин шарҳи худ дар бораи ташаббуси Вазорати фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина дар ҷиҳати таъсиси шӯро, ки бо масъалаҳои "русизудоӣ ва коммунистзудоӣ" машғул аст, изҳори назар кард.
Раҳбари Қрим муаллифони чунин ташаббусҳоро "аҳмақ" номид.
Лентаи хабарҳо
0