https://sputnik.tj/20220610/boron-sughd-garmo-toqatfarso-khatlon-tojikiston-1049083570.html
Борон дар Суғду гармои тоқатфарсо дар Хатлон: дамои ҳавои Тоҷикистон
Борон дар Суғду гармои тоқатфарсо дар Хатлон: дамои ҳавои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии кишвар баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд, аммо ҳарорат дар баъзе навоҳӣ аз 37 то 41 дараҷа мерасад
2022-06-10T09:29+0500
2022-06-10T09:29+0500
2022-06-10T13:20+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
борон меборад
раъду барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/12/1029251211_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d4a6810585b9efb4889b05b4ffac2a50.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар манотиқи ҷанубии кишвар гармои тоқатфарсо пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад, агентии ҳавосанҷии кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.Хатлониёнро бошад, ҳавои камабри бебориш, аммо гармои шадид интизор аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе боришот пешбинӣ намешавад ва ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220525/garmo-havosandon-tobiston-tojikistoniyon-1048695167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/12/1029251211_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_3d83bd954765d6759f8098b52c884d74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармо тоқатфарсо пешгӯӣ обу ҳаво тоҷикистон
гармо тоқатфарсо пешгӯӣ обу ҳаво тоҷикистон
Борон дар Суғду гармои тоқатфарсо дар Хатлон: дамои ҳавои Тоҷикистон
09:29 10.06.2022 (Навсозишуда: 13:20 10.06.2022) Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии кишвар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд, аммо ҳарорат дар баъзе навоҳӣ ба 37-41 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар манотиқи ҷанубии кишвар гармои тоқатфарсо пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад, агентии ҳавосанҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро бошад, ҳавои камабри бебориш, аммо гармои шадид интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе боришот пешбинӣ намешавад ва ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.