"Равшан"-и Зафаробод ба футболи бузург роҳ ёфт, аммо майдон барои бозӣ надорад

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
"Равшан"-и Зафаробод чорумин дастаи футболи Суғд аст, ки дар роҳи расидан ба Лигаи олии футболи кишвар комёб шуд. Аммо ин даста то ҳол майдони бозӣ надорад
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Ягона варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод, ки аз замони шӯравӣ мерос мондааст, харобу валангор аст.
Қабл аз оғози бозиҳои Чемпионати фуболи Тоҷикистон нозирони Федератсияи футболи кишвар, ки меъёри ФФТ -ро тадбиқ менамоянд, ҳолати садамавии варзишгоҳи Зафарободро мушоҳида намуданд. Онҳо гуфтанд, он ба стандарт ва меъёри баргузории футболи муосир мутобиқ нест.
Барои мисол, мавҷуд будани ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ барои футболбозони дастаҳои меҳмон ва мизбон, барои доварон, шустушӯ (душ), инчунин ҷойи нишаст дар майдон барои на кам аз панҷ ҳазор мухлиси футбол аз стандартҳоест, ки аз сӯйи нозирони ФФТ назорат ва барои мутобиқсозии он дастур дода мешавад.
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод феълан чунин имконро надорад ва ба ҳамин далел масъулони ФФТ баргузории бозиҳо дар онро манъ намуданд.

Дастаи футбол ҳаст, варзишгоҳ нест

Дар поёни соли 2021 дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод баъди пирӯзӣ дар Лигаи якуми кишвар барои нахустин бор дар соли ҷорӣ ба сафи дастаҳои олии футболи кишвар роҳ ёфт.
Ҳоло ба ҳисоби дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Истаравшан”-и Истаравшан, “Эсхата”-и Хуҷанд “Равшан”-и Зафаробод чаҳорумин тими футбол аз вилояти Суғд гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ миёни даҳ тим барои дарёфти унвони қаҳрамонии футболи кишвар сабқат мекунад. Аммо мушкиле, ки ин даста дорад, на ҳамаи дигар дастаҳо доранд.

Дар хонаи худ бо иҷора

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод, ки аз соли 1975 ба мерос мондааст, вайрону валангор шудааст. Як қисми майдони бозӣ ҳатто фурӯ рафтааст. Дар чунин шароит барпо шудани бозиро масъулони ФФТ иҷоза намедиҳанд.
Ба ин далел бозиҳои хонагии “Равшан”-и Зафаробод дар варзишгоҳҳои иҷора, аз ҷумла дар “Спартак”-и Хуҷанд баргузор мешаванд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, барои баргузории ҳар як бозӣ “Равшан”-и Зафаробод то 1000 сомонӣ пули иҷораи варзишгоҳ пардохт мекунад.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Даври навбатии чемпионати Тоҷикистон: кӣ бурду кӣ бохт?
Аз шуруи бозиҳо то ин вақт чанд бозии ин даста дар шароити варзишгоҳҳои иҷоравӣ дар Истаравшан ва Хуҷанд баргузор шудааст.

"Равшан"-и Зафаробод кай соҳиби варзишгоҳ мешавад?

Ашӯрали Раҷаб, раиси ноҳияи Зафаробод ва ҳамчунин раиси Федератсияи футболи ин ноҳия дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мушкили валангор мондонаи варзишгоҳи марказии ноҳияро иқрор кард.
Ӯ гуфт, дар маркази ноҳия сохтмони як варзишгоҳи ҷадид барои 6000 тамошобин аз ҷониби Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президент ба нақша гирифта шудааст ва қарор аст, корҳои сохтмонӣ дар поёни соли ҷорӣ шуруъ шаванд.

"Ҳамон варзишгоҳ дар майдони 5 га пурра бо меъёрҳои мутобиқ ба футболи муосир азнавсозӣ мешавад”, - гуфт раиси ноҳияи Зафаробод.

Соли ҷорӣ ҳукумати ноҳияи Зафаробод барои пардохти маоши футболбозони “Равшан” 350 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Лентаи хабарҳо
0