https://sputnik.tj/20220609/teatr-tojik-joiza-rusiya-1049068937.html
Ҳунармандони тоҷик барои дарёфти ҷоиза дар Русия талош хоҳанд кард
Ҳунармандони тоҷик барои дарёфти ҷоиза дар Русия талош хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони Душанбе дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар саҳнаи театри Тамбов маҳорати худро намоиш медиҳанд
2022-06-09T17:30+0500
2022-06-09T17:30+0500
2022-06-09T20:20+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
дар русия
театр
ҳунарнамоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/22/1028852286_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_277b702576ccc2891f33a924f021da99.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар Тамбов ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин чорабинӣ.Ҳаминр тавр, рӯзи 18-уми июн ҳунармандони театри тоҷик дар саҳнаи театри Тамбов бо намоишномаи "Ханума", ки аз ҷониби коргардон Хуршед Мустафоев аз рӯи асари драматурги гурҷӣ Авксенти Сагарели ба саҳна гузошта шудааст, ҳунарнамоӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ҷашнвораи русиро бунёди "Стремление" бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил мекунад. Дар он беш аз 200 ҳунарманд аз ҳафт кишвар – Абхозистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд. Саҳнаҳо аз 16 то 22 июн дар театри драмавии Тамбов намоиш дода мешаванд ва ҳамаи онҳо тариқи пахши мустақим дар интернет пешкаш мешаванд.Ба сифати чорабиниҳои махсус барои ходимони фарҳанги кишварҳои гуногун, лексияҳо ва дарсҳои маҳорат гузаронида мешаванд. Гуфта мешавад, ки пас аз баргузории ҷашнвора ҳунармандони Тоҷикистон сафари худро идома дода, бо намоишномаи “Шаб дар театр” ба Сарански Мордовия мераванд.Театри лӯхтак "Гули қоқӯ"-ро ба Русия мебарад Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои хориҷии Русия дар "Соли театр", соли 2019 оғоз шуда буд. Он замон дар саҳнахои театрхои гуногуни Маскав намоишҳои беҳтарин театрҳои давлатии русии намоиш дода шуданд.
https://sputnik.tj/20220602/dukhtar-tojik-dutornavoz-boztorgay-1048881903.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/22/1028852286_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_300e8212db6e99a58e07bd9bd2e334ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
театри тоҷик, русия, намоиш
театри тоҷик, русия, намоиш
Ҳунармандони тоҷик барои дарёфти ҷоиза дар Русия талош хоҳанд кард
17:30 09.06.2022 (Навсозишуда: 20:20 09.06.2022) Ҳунармандони Душанбе дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар саҳнаи театри Тамбов маҳорати худро намоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар Тамбов ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин чорабинӣ.
Ҳаминр тавр, рӯзи 18-уми июн ҳунармандони театри тоҷик дар саҳнаи театри Тамбов бо намоишномаи "Ханума", ки аз ҷониби коргардон Хуршед Мустафоев аз рӯи асари драматурги гурҷӣ Авксенти Сагарели ба саҳна гузошта шудааст, ҳунарнамоӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҷашнвораи русиро бунёди "Стремление" бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил мекунад.
Дар он беш аз 200 ҳунарманд аз ҳафт кишвар – Абхозистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд.
Саҳнаҳо аз 16 то 22 июн дар театри драмавии Тамбов намоиш дода мешаванд ва ҳамаи онҳо тариқи пахши мустақим дар интернет пешкаш мешаванд.
Ба сифати чорабиниҳои махсус барои ходимони фарҳанги кишварҳои гуногун, лексияҳо ва дарсҳои маҳорат гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки пас аз баргузории ҷашнвора ҳунармандони Тоҷикистон сафари худро идома дода, бо намоишномаи “Шаб дар театр” ба Сарански Мордовия мераванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои хориҷии Русия дар "Соли театр", соли 2019 оғоз шуда буд.
Он замон дар саҳнахои театрхои гуногуни Маскав намоишҳои беҳтарин театрҳои давлатии русии намоиш дода шуданд.