Дуторнавози тоҷик доварони озмуни байналмилаии "Бозторғай"-ро тасхир кард

© Вазортаи фарҳанги ҶТСевара Шарипова - дуторнавози ҷавон дар озмуни байналмилаии “Бозторгай”
Севара Шарипова - дуторнавози ҷавон дар озмуни байналмилаии “Бозторгай”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Дуторнавозии ӯ беҳтарин дониста шуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дуторнавози тоҷик Севара Шарипова дар озмуни бонуфузи байналмилалии "Бозторғай" дар Қазоқистон доваронро тасхир кард.
Духтари тоҷик дар озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи "Бозторғай", ки бо ширкати 700 нафар аз наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, якум шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз рӯйи номинатсияи иҷроиши мардумӣ дар дутор сазовори ҷойи 1-ум гардид", - омадааст дар хабар.

Ширкаткунандагони озмун аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва иҷроиши мардумӣ байни ҳам рақобат карданд.
Филмҳои тасвирии тоҷикӣ ҳакамони байналмилалиро ҳайратзада карданд
Манбаъ афзуда, ки Севара Шарипова дар озмун аз худ маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.
Файзулло Файзов, кадр из фильма Водный мальчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Филми коргардони тоҷик дар Лондон соҳиби ҷоиза шуд
Пештар хабар дода шуд, ки филми коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар Фҷашнвораи филмҳои АвруОсиё таҳти унвони "Бачаи обӣ" дар Лондон намоиш дода шуд ва он сазовори ҷоизаи "Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон" гардид.
Лентаи хабарҳо
0