https://sputnik.tj/20220609/safar-berdimuhammadov-maskav-1049061081.html
Бо даъвати Путин Бердимуҳаммадови хурдӣ озими Маскав мешавад
Бо даъвати Путин Бердимуҳаммадови хурдӣ озими Маскав мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори тозаинтихоби Туркманистон бо даъвати раисҷумҳури Русия озими Маскав мешавад. Ин нахустин сафари роҳбари Туркманистон хоҳад шуд
2022-06-09T14:55+0500
2022-06-09T14:55+0500
2022-06-09T19:56+0500
туркманистон
сардор бердимуҳаммадов
сиёсат
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046922788_0:0:3176:1787_1920x0_80_0_0_0f7335c7b48ab561bf31647338b6d11f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов бо даъвати ҳамтои русаш, Владимир Путин озими Русия мешавад, хабар медиҳалд котиботи Кремл.Ба иттилои манбаъ, нахустин сафари хориҷии Бердимуҳаммадови хурдӣ рӯзи 10 июн сурат мегирад.Котиботи Кремл хабар медиҳад, ки раисҷумҳурони Русия ва Туркманистон дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.Манбаъ меафзояд, ба имзо расидани Эъломия дар бораи тавсеаи шарикии стратегӣ миёни Федератсияи Русия ва Туркманистон низ сурат хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия бо президенти тозаинтихоби Туркманистон суҳбати телефонӣ доир кард ва ӯро барои анҷом додани сафари корӣ ба Маскав даъват намуд."Владимир Путин Сардор Бердимуҳаммадовро барои боздид аз Русия даъват кард. Даъват пазируфта шуд", - омада буд дар хабари Кремл.Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд. Президент ба муддати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савгандёдкунӣ ба кор шуруъ мекунад.Пирӯзиро муовини нахуствазир Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола бо дарёфти 72,97% овозҳо ба даст овардааст. Ҳамин тариқ ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмуъ 27,03% овоз гирифтанд.Вазорати хориҷаи Русия аз "интихоби мардуми дӯсти туркман" истиқбол кард. Ин ниҳод қайд кард, ки Маскав ғолиби интихоботро хуб медонад ва "таваҷҷуҳи афзалиятноки ӯро ба таҳкими шарикии стратегӣ" байни кишварҳо қадр мекунад.
https://sputnik.tj/20220315/putin-berdimuhammadov-suhbat-telefoni-1046815083.html
туркманистон
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046922788_445:0:3176:2048_1920x0_80_0_0_87e167793a67b38d8501aa708eb60317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин бердимуҳаммадов маскав сафар
путин бердимуҳаммадов маскав сафар
Бо даъвати Путин Бердимуҳаммадови хурдӣ озими Маскав мешавад
14:55 09.06.2022 (Навсозишуда: 19:56 09.06.2022) Кишвардори тозаинтихоби Туркманистон бо даъвати раисҷумҳури Русия озими Маскав мешавад. Ин нахустин сафари роҳбари Туркманистон ба Маскав хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов бо даъвати ҳамтои русаш, Владимир Путин озими Русия мешавад, хабар медиҳалд котиботи Кремл.
Ба иттилои манбаъ, нахустин сафари хориҷии Бердимуҳаммадови хурдӣ рӯзи 10 июн сурат мегирад.
"Рӯзи 10 июн бо даъвати президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аз Русия боздид мекунад. Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба мақоми сарвари давлат расидан хоҳад буд", - омадааст дар хабарнома.
Котиботи Кремл хабар медиҳад, ки раисҷумҳурони Русия ва Туркманистон дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, ба имзо расидани Эъломия дар бораи тавсеаи шарикии стратегӣ миёни Федератсияи Русия ва Туркманистон низ сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия бо президенти тозаинтихоби Туркманистон суҳбати телефонӣ доир кард ва ӯро барои анҷом додани сафари корӣ ба Маскав даъват намуд.
"Владимир Путин Сардор Бердимуҳаммадовро барои боздид аз Русия даъват кард. Даъват пазируфта шуд", - омада буд дар хабари Кремл.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд. Президент ба муддати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савгандёдкунӣ ба кор шуруъ мекунад.
Пирӯзиро муовини нахуствазир Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола бо дарёфти 72,97% овозҳо ба даст овардааст. Ҳамин тариқ ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.
Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмуъ 27,03% овоз гирифтанд.
Вазорати хориҷаи Русия аз "интихоби мардуми дӯсти туркман" истиқбол кард. Ин ниҳод қайд кард, ки Маскав ғолиби интихоботро хуб медонад ва "таваҷҷуҳи афзалиятноки ӯро ба таҳкими шарикии стратегӣ" байни кишварҳо қадр мекунад.