https://sputnik.tj/20220315/putin-berdimuhammadov-suhbat-telefoni-1046815083.html
Путин бо Бердимуҳаммадови хурдӣ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад
Путин бо Бердимуҳаммадови хурдӣ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Путин рӯзи сешанбе бо Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон гуфтугӯ мекунад
2022-03-15T15:07+0500
2022-03-15T15:07+0500
2022-03-15T18:58+0500
сардор бердимуҳаммадов
интихоботи президентӣ
туркманистон
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_0:95:2905:1729_1920x0_80_0_0_51365c964b9465f6ae46b8b385c749c0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Путин қасд дорад, рӯзи сешанбе бо Сардор Бердимуҳаммадов, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон пирӯз шуд, телефонӣ суҳбат кунад, гуфт сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон.Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.Писари раисиҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов бо дарёфти 72,97% овозҳо пирӯзӣ ба даст овард."[Суҳбати телефонӣ] ба нақша гирифта шудааст. ... Имрӯз бо Туркманистон суҳбат мешавад. Мо интизорем", - гуфт Песков.Ба саволи иловагӣ дар бораи он ки оё Путин Бердимуҳаммадовро ба Русия даъват карданист, Песков посух дод, ки Кремл дар бораи натиҷаҳои гуфтугӯи телефонӣ хабар медиҳад.Сардор Бердимуҳаммадов ҳамакнун президенти сеюм дар таърихи Туркманистон аст.Ӯ дар арафаи интихобот гуфта буд, ки агар пирӯз шавад, сиёсати берунии бетарафии мамлакаташонро давом медиҳад.Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ яке аз пояҳои сиёсати хориҷии ин кишвар аст.
https://sputnik.tj/20220315/javon-muhandis-diplomat-prezident-turkmaniston-1046746253.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_203:0:2743:1905_1920x0_80_0_0_864072cca4345497f9a7b08661665e57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин сардор бердимуҳаммадов суҳбат телефонӣ
путин сардор бердимуҳаммадов суҳбат телефонӣ
Путин бо Бердимуҳаммадови хурдӣ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад
15:07 15.03.2022 (Навсозишуда: 18:58 15.03.2022) Президенти Русия рӯзи сешанбе бо раисҷумҳури Туркманистон гуфтугӯ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Путин қасд дорад, рӯзи сешанбе бо Сардор Бердимуҳаммадов, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон пирӯз шуд, телефонӣ суҳбат кунад, гуфт сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон.
Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.
Писари раисиҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов бо дарёфти 72,97% овозҳо пирӯзӣ ба даст овард.
"[Суҳбати телефонӣ] ба нақша гирифта шудааст. ... Имрӯз бо Туркманистон суҳбат мешавад. Мо интизорем", - гуфт Песков.
Ба саволи иловагӣ дар бораи он ки оё Путин Бердимуҳаммадовро ба Русия даъват карданист, Песков посух дод, ки Кремл дар бораи натиҷаҳои гуфтугӯи телефонӣ хабар медиҳад.
Сардор Бердимуҳаммадов ҳамакнун президенти сеюм дар таърихи Туркманистон аст.
Ӯ дар арафаи интихобот гуфта буд, ки агар пирӯз шавад, сиёсати берунии бетарафии мамлакаташонро давом медиҳад.
Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ яке аз пояҳои сиёсати хориҷии ин кишвар аст.