https://sputnik.tj/20220609/rud-dushanbe-jasad-javondukhtar-paydo-1049051318.html
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан шахси марҳум номаълум буда, ҳамчунин мушаххас нашуда, ки ӯ дар чӣ шароит ғарқ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахс ва иллати марги ӯро дақиқ мекунанд
2022-06-09T10:30+0500
2022-06-09T10:30+0500
2022-06-21T11:50+0500
кҳф
дар тоҷикистон
ғарқ шудааст
об
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031628043_0:0:998:561_1920x0_80_0_0_c59051bcf7fd9d94ccb2538fb4bf2ede.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.Ба иттилои манбаъ, пас аз зуҳри 8 июн навбатдори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе хабар додааст.Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати минтақаи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт намудор шудааст.Зимнан бо дарёфти ин хабар дастаи зудамали КҲФ ба ҷойи ҳодиса равон шуда, ҷасадро аз об баровард ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.Манбаъ меафзояд, ғарқшуда духтари тахминан 18-20-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.Маврид ба зикр аст, ки ин аввали дарёйфти ыасад дар соли равон дар рӯди Душанбе нест. Қаблан ни мақомот дар ин дарё ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳуввияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ҷасади ҷавондухтари 22-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе пайдо шуда буд.
https://sputnik.tj/20220608/khf-daryoft-jasad-khabar-noboligh-1049025167.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031628043_100:0:848:561_1920x0_80_0_0_a832bc253855e8bcd9202a7f9ec06424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯд душанбе ҷасад ҷавондухтар пайдо
рӯд душанбе ҷасад ҷавондухтар пайдо
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
10:30 09.06.2022 (Навсозишуда: 11:50 21.06.2022) Феълан шахси марҳум номаълум буда, ҳамчунин мушаххас нашуда, ки ӯ дар чӣ шароит ғарқ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахс ва иллати марги ӯро дақиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, пас аз зуҳри 8 июн навбатдори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати минтақаи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт намудор шудааст.
Зимнан бо дарёфти ин хабар дастаи зудамали КҲФ ба ҷойи ҳодиса равон шуда, ҷасадро аз об баровард ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Манбаъ меафзояд, ғарқшуда духтари тахминан 18-20-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввали дарёйфти ыасад дар соли равон дар рӯди Душанбе нест.
Қаблан ни мақомот дар ин дарё ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳуввияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ҷасади ҷавондухтари 22-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе пайдо шуда буд.