https://sputnik.tj/20220608/khf-daryoft-jasad-khabar-noboligh-1049025167.html
КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасад хабар дод, ки яке ноболиғи 13-сола аст
КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасад хабар дод, ки яке ноболиғи 13-сола аст
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода давоми як шабонарӯз якбора ду ҷасадро дарёфт намуданд. ки яке ноболиғи 13 - сола ва дигаре марди 51 - сола аст
2022-06-08T14:35+0500
2022-06-08T14:35+0500
2022-07-01T13:37+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷасад
ғарқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d47b1429cdb8d6bc22336114a68eb4c9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷасади ноболиғеро, ки ҳанӯз рӯзи 1 июн дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд, наҷотбахшон пас аз ҳафт рӯз пайдо карданд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар ҷасадеро дар рӯи обро дида, ба дафтари ин ниҳод иттилоъ додаанд. Наҷотбахшон пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд. Маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Левакант, хонандаи синфи шашум будааст.Манбаъ меафзояд, ин ноболиғ рӯзи 1-уми июн дар оби дарёи Вахш, дар ҳудуди шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон ғарқ шуда буд. Ҳамзамон КҲФ аз пайдо кардани ҷасади марди 51-сола хабар дод. Марҳум сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, ки пайвандонаш аз ногаҳон бедарак шудани ӯ ба мақмоти дахлдор муроҷиат кардаанд.КҲФ мегӯяд, пас аз пурсуҷӯи шоҳидон ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ сарулибоси ӯ дар соҳили канали Қумсангир пайдо шуд.Зимнан аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати кумита дар вилояти Хатлон ҷасади номбурда 1500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст, ки онро хешовандони марҳум супурдаанд.Гуфта мешавад, феълан иллати марги ҳар ду ғарқшуда маълум нест ва мақомоти зирабт пайи мушаххас кардани сабабҳои ғарқшавии онҳо ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220523/ishkoshim-mard-hamsar-khudkushi-najot-gharq-1048639931.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b8ed0727947309c009d68123df1e881b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф ҷасад дарё ғарқ
КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасад хабар дод, ки яке ноболиғи 13-сола аст
14:35 08.06.2022 (Навсозишуда: 13:37 01.07.2022) Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда давоми як шабонарӯз якбора ду ҷасадро дарёфт намуданд, ки яке ноболиғи 13-сола ва дигаре марди 51-сола аст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷасади ноболиғеро, ки ҳанӯз рӯзи 1 июн дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд, наҷотбахшон пас аз ҳафт рӯз пайдо карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар ҷасадеро дар рӯи обро дида, ба дафтари ин ниҳод иттилоъ додаанд. Наҷотбахшон пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Левакант, хонандаи синфи шашум будааст.
Манбаъ меафзояд, ин ноболиғ рӯзи 1-уми июн дар оби дарёи Вахш, дар ҳудуди шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон ғарқ шуда буд.
Ҳамзамон КҲФ аз пайдо кардани ҷасади марди 51-сола хабар дод. Марҳум сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, ки пайвандонаш аз ногаҳон бедарак шудани ӯ ба мақмоти дахлдор муроҷиат кардаанд.
КҲФ мегӯяд, пас аз пурсуҷӯи шоҳидон ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ сарулибоси ӯ дар соҳили канали Қумсангир пайдо шуд.
Зимнан аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати кумита дар вилояти Хатлон ҷасади номбурда 1500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст, ки онро хешовандони марҳум супурдаанд.
Гуфта мешавад, феълан иллати марги ҳар ду ғарқшуда маълум нест ва мақомоти зирабт пайи мушаххас кардани сабабҳои ғарқшавии онҳо ҳастанд.