https://sputnik.tj/20220609/mavzuna-khujand-tamiri-moshin-1049057302.html
Бонуи челонгар дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи таъмири мошин фаъол кард: акс
Бонуи челонгар дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи таъмири мошин фаъол кард: акс
Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Сангинова бо гранти президентӣ, ки барои занони соҳибкор ҷудо мешавад, дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи таъмири мошинҳо ифтитоҳ кард
2022-06-09T13:35+0500
2022-06-09T13:35+0500
2022-06-09T19:44+0500
мошин
таъмир
хуҷанд
дар тоҷикистон
коргоҳ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049056582_0:274:3015:1969_1920x0_80_0_0_926f60367764041c59385a5c5d554eca.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонуи ҳунарманди вилояти Суғд Мавзуна Сангинова ҳунари челонгариро аз худ намуда, нуқтаи таъмири муҳаррики автомобилро ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Ин коргоҳро зани тоҷик дар ҳудуди Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд, ки худ хатмкардаи курси челонгарии ин даргоҳ аст, фаъол кардааст. Дар ин коргоҳ муҳаррики автомобилҳо таъмир карда мешаванд.Мавзуна Сангинова яке аз занони фаъоли вилояти Суғд мебошад, ки бо гранти президетӣ ба миқдори 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст.Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон, оиладор, модари се нафар фарзанд буда, ният дорад, дар оянда ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва тахассуси хешро такмил дода, фаъолияташро васеъ намояд. Мавзуна бо ба кор андохтани коргоҳи таъмири мошинҳо амалан исбот намуд, ки бонуи тоҷик хеле ҳунарманд аст.Зимни муаррифии лоиҳа Мавзуна Сангинова иброз намуд, ки миёни 29 нафар ҷавононмардон таҳсил намуда, имрӯз ягона занест, ки бо ин касб машғул мебошад ва айни ҳол шогирдонро тарбия намуда истодааст, ки дар байни онҳо 2 нафар духтарон низ ҳастанд.Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорадДар маросими кушодашавии коргоҳи таъмири муҳаррики автомобил намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Бӯстон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ширкат намудаанд.Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар вилояти Суғд, 20 нафар занони ҳунармандсоҳиби гранти президентӣ гардиданд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049056582_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2ad58efd6872aa4cc48ad7b0d6400bf0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъмири муҳаррики мошинҳо, коргоҳ, зани тоҷик, хуҷанд
таъмири муҳаррики мошинҳо, коргоҳ, зани тоҷик, хуҷанд
Бонуи челонгар дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи таъмири мошин фаъол кард: акс
13:35 09.06.2022 (Навсозишуда: 19:44 09.06.2022) Мавзуна Сангинова бо гранти президентӣ, ки барои занони ҳунарманд ҷудо шудааст, дар шаҳри Хуҷанд як нуқтаи таъмири мошин ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонуи ҳунарманди вилояти Суғд Мавзуна Сангинова ҳунари челонгариро аз худ намуда, нуқтаи таъмири муҳаррики автомобилро ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ин коргоҳро зани тоҷик дар ҳудуди Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд, ки худ хатмкардаи курси челонгарии ин даргоҳ аст, фаъол кардааст. Дар ин коргоҳ муҳаррики автомобилҳо таъмир карда мешаванд.
Мавзуна Сангинова яке аз занони фаъоли вилояти Суғд мебошад, ки бо гранти президетӣ ба миқдори 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст.
Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон, оиладор, модари се нафар фарзанд буда, ният дорад, дар оянда ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва тахассуси хешро такмил дода, фаъолияташро васеъ намояд.
Мавзуна бо ба кор андохтани коргоҳи таъмири мошинҳо амалан исбот намуд, ки бонуи тоҷик хеле ҳунарманд аст.
Зимни муаррифии лоиҳа Мавзуна Сангинова иброз намуд, ки миёни 29 нафар ҷавононмардон таҳсил намуда, имрӯз ягона занест, ки бо ин касб машғул мебошад ва айни ҳол шогирдонро тарбия намуда истодааст, ки дар байни онҳо 2 нафар духтарон низ ҳастанд.
Дар маросими кушодашавии коргоҳи таъмири муҳаррики автомобил намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Бӯстон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ширкат намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар вилояти Суғд, 20 нафар занони ҳунармандсоҳиби гранти президентӣ гардиданд.