Лавровро мехостанд бидузданд? Тафсилоти ҳайратангези нақшаи НАТО

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Нашрияи сербӣ дар бораи омодагии Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ барои рабудани вазири хориҷаи Русия хабар додааст: ин Путинро маҷбур мекард, ки ба Ғарб гузашт кунад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. НАТО нақшаи рабудани вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавровро таҳия мекард. Дар ин бора Informer менависад.
Нашрияи сербӣ хабарро дар такя ба манобеаш дар доираҳои дипломатӣ омода кардааст.
Ҳамин тариқ, сафари вазири хориҷаи Русия ба Сербистон боиси ҷанги дипломатӣ миёни Аврупо ва Белград шуд.
Машваратҳо дар бораи мулоқоти Лавров ва Вучич дар баландтарин доираҳои НАТО беш аз як моҳ идома карданд. Ҳамзамон Брюссел ва Вошингтон хостанд раҳбари Сербистонро "шантаж" кунанд ва ба ӯ таҳдид карданд.
Глава МИД РФ С. Лавров принял участие в заседании Совета глав субъектов РФ при МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
"Зоҳиран вазъ дар Ғарб бад аст": Лавров дар бораи роҳ наёфтани ҳавопаймояш ба Сербистон
Аз Вучич тақозо карданд, ки аз қабули вазири Русия худдорӣ кунад. Бо вуҷуди ин, сарвари ин давлат ба иғвоҳо дода нашуд, қайд мекунад Informer.
Пас аз он дар НАТО нақшаи нав бо ташаббуси Британияи Кабир таҳия шуд. Рӯзнома қайд мекунад, ки ташаббуси радикалӣ рабуда шудани Лавровро дар бар мегирифт: ин як вазъияти бӯҳрониро ба вуҷуд меорад ва президенти Русия Владимир Путинро маҷбур месохт, ки ба Ғарб гузашт кунад.
Як мансабдори баландпояи яке аз сафоратхонаҳои бонуфузи Ғарб дар Белград гуфт, ки иҷрои ин нақша метавонист боиси ҷанги ҷаҳонӣ гардад.
Дар натиҷа ташаббуси баҳсӣ дар байни дигар намояндагони иттифоқи Атлантикаи Шимоӣ дастгирӣ наёфт.
Аммо Ғарб то ҳол бидуни тадобир амал накардааст: ба кишварҳои минтақа амр дод, ки парвози ҳавопаймои давлатии Русияро манъ кунанд. Черногория, Македонияи Шимолӣ ва Булғористон ин дастурро иҷро карданд, хулоса мекунад Informer.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Се кишвар ҳавопаймои Лавровро ба Сербистон роҳ надоданд: вокуниши Шӯрои федератсия
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 6-7 июн Лавров мебоист аз Белград боздид кунад. Аммо кишварҳои атрофи Сербистон барои парвози ҳавопаймои вазир аз ҳарими ҳавоии онҳо иҷоза надоданд.
Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Маскав тасмими нагузоштани ҳавопаймои ӯро бесобиқа ва ғайри қобили тасаввур медонад.
Лентаи хабарҳо
0