"Зоҳиран вазъ дар Ғарб бад аст": Лавров дар бораи роҳ наёфтани ҳавопаймояш ба Сербистон

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ С. Лавров принял участие в заседании Совета глав субъектов РФ при МИД РФ
Глава МИД РФ С. Лавров принял участие в заседании Совета глав субъектов РФ при МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Раҳбарони Булғористон, Черногория ва Македонияи Шимолӣ ба убури ҳавопаймои вазири хориҷаи Русия аз тариқи ҳарими ҳавоии худ иҷозат надоданд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, азбаски кишварҳои ғарбӣ сафарашро ба Сербистонро дар миқёси ҷаҳонӣ тақрибан таҳдид қабул карданд, ин ба он маъност, ки вазъи онҳо хеле бад аст.
"Агар сафари вазири хориҷаи Русия дар Ғарб тақрибан як таҳдид дар миқёси ҷаҳонӣ қабул шавад, пас, зоҳиран, вазъ дар Ғарб хеле бад аст", - гуфт Лавров зимни нишасти хабарӣ.
Лавров дар шарҳи имкони вокуниш ба кишварҳое, ки воқеан сафари ӯро ба Сербистон халалдор карданд, қайд кард, ки Маскав ҳеҷ коре намекунад, ки равобити байни мардумро халалдор созад.
"Дар мавриди посухҳо, медонед, мо ҳеҷ гоҳ коре намекунем, ки муносибатҳои байни мардумро боз ҳам печидатар шавад. Шарикони ғарбии мо ин корро мекунанд", - гуфт Лавров.
Ба қавли ӯ, ҳоло дар Аврупо бештари афроди оқил фикр мекунанд, ки чаро бояд аз Русия душман созанд.
Се кишвар ҳавопаймои Лавровро ба Сербистон роҳ надоданд: вокуниши Шӯрои федератсия
Рӯзи якшанбе рӯзномаи "Вечерне Новости" навишт, ки раҳбарони Булғористон, Черногория ва Македонияи Шимолӣ аз убури ҳавопаймои вазири умури хориҷии Русия аз ҳарими ҳавоии худ худдорӣ карданд. Нашрия акси ҳуҷҷати дахлдори мақомоти Черногорияро нашр кардааст.
Ана Брнабич, нахуствазири Сербистон рӯзи якшанбе гуфт, Александр Вучич, раисиҷумҳури ин кишвар маҷбур аст, шахсан бо логистикаи сафари вазири хориҷаи Русия, ки рӯзҳои 6-7 июн пешбинӣ шудааст, машғул шавад.
Лентаи хабарҳо
0