Эрдуғон боз барои курсии президентӣ рақобат мекунад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Кишвардори феълии Туркия намехоҳад курсии раёсатҷумҳурӣ дар ин кишварро тарк кунад. Ӯ номзадияшро ба интихоботи президентии соли 2023 пешбарӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кард, ки номзадии худро дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кардааст.
Интихоботи навбатии умумӣ дар ин кишвар - ҳам президент ва ҳам порлумон - дар моҳи июни соли 2023 дар Туркия баргузор мешавад.
Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеъа ва Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ қаблан Эътилофи мардумӣ таъсис дода буданд.
Қаблан раҳбари миллатгароёни Туркия Девлет Бахчелӣ гуфта буд, ки Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъ номзади Эътилофи Халқӣ хоҳад буд. Худи Эрдуғон муддати тӯлонӣ дар бораи пешбарии номзадияш изҳори назар накард.
Турецкий курорт Анталья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Туркия тағйири ном кард
Аммо чанде пас Эрдуғон зимни як баромадаш дар Измир аз тасмими иштирок кардан дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад хабар дод.
"Ман номзади Эътилофи мардумӣ ҳастам ва интихобот моҳи июни соли оянда баргузор мешавад. Кемал (раиси ҳизби умдаи мухолифи Ҷумҳурихоҳи Мардумии Туркия Кемал Қиличдароғлу), номи худро ошкор созед. Марҳамат!", - таъкид намуд Эрдуғон дар Измир.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор гардид ва Эрдуғон бо касб кардани 42,4 дарсади раъйи мардум пирӯз гардид. Эрдуғон авалин раисҷумҳурест, ки пас аз ба низоми президентӣ гузаштани туркҳо пирӯзии дукарата ба даст оварда буд.
Ҳарифи асосии Эрдуғон аз ҳизби мухолифин Муҳаррам Инҷе 30,7 дарсад овоз гирифт.
Лентаи хабарҳо
0