https://sputnik.tj/20220609/barrasii-tavseai-rohhoi-tijorat-az-suyi-bonuvoni-sohibkori-tojikistonu-uzbekiston-1049069962.html
Баррасии тавсеаи роҳҳои тиҷорат аз сӯйи бонувони соҳибкори Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баррасии тавсеаи роҳҳои тиҷорат аз сӯйи бонувони соҳибкори Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Занони соҳибкор аз Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд роҳҳоеро ҷустуҷӯ намоянд, ки мубодилаи тиҷоратро афзоиш диҳанд
2022-06-09T18:05+0500
2022-06-09T18:05+0500
2022-06-09T20:25+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
бонувон
соҳибкор
тиҷорат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904564_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_005e8ffe6fd92cb7a15bf81be30f0b48.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар умури рушди соҳибкорӣ ва бизнес-муҳит бо татбиқи лоиҳаи "Бизнес-акселератор барои занон, духтарон ва ҷавонон нишаст баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.Манбаъ хабар додааст, дар ин ҳамоиш дар баробари бонувони ҳунарманд ва тоҷир, ҳамчунин занҳои соҳибкор аз Ӯзбекистон ширкат доштанд.Таъкид шудааст, ки миёни Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Ассостсиатсияи "Тадбиркор аёл"-и Ӯзбекистон мубодилаи таҷриба ва афкор дар бораи рушди тиҷорат сурат гирифт.“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷорӣ азм хоҳанд намуд”, - қайд кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид.Дар ин бора ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашри як матлаб хабар дода буд.Тибқи иттилои вай ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 дарсадро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи сафир, савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220603/tojikiston-uzbekiston-roh-ohan-dushanbe-toshkand-1048895749.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904564_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_a697b1feab6b59d1f21847b05c7e6b7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон тиҷорат, савдо, бонувон, соҳибкор, афзоиш
тоҷикистон, ӯзбекистон тиҷорат, савдо, бонувон, соҳибкор, афзоиш
Баррасии тавсеаи роҳҳои тиҷорат аз сӯйи бонувони соҳибкори Тоҷикистону Ӯзбекистон
18:05 09.06.2022 (Навсозишуда: 20:25 09.06.2022) Занони соҳибкор аз Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, роҳҳоеро ҷустуҷӯ намоянд, ки мубодилаи тиҷоратро афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар умури рушди соҳибкорӣ ва бизнес-муҳит бо татбиқи лоиҳаи "Бизнес-акселератор барои занон, духтарон ва ҷавонон нишаст баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Манбаъ хабар додааст, дар ин ҳамоиш дар баробари бонувони ҳунарманд ва тоҷир, ҳамчунин занҳои соҳибкор аз Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Таъкид шудааст, ки миёни Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Ассостсиатсияи "Тадбиркор аёл"-и Ӯзбекистон мубодилаи таҷриба ва афкор дар бораи рушди тиҷорат сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷорӣ азм хоҳанд намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид.
Дар ин бора ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашри як матлаб хабар дода буд.
Тибқи иттилои вай ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сафир, савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4 дарсад афзоиш ёфтааст.