https://sputnik.tj/20220608/tojikiston-tajribai-rusiya-hifzi-piryakh-1049024051.html
Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия дар масъалаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо
Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия дар масъалаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва табиати Тоҷикистону Русия масъалаи табодули кормандони соҳа ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарро ба миён гузоштанд
2022-06-08T14:20+0500
2022-06-08T14:20+0500
2022-06-08T14:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҳамкорӣ
кумитаи ҳифзи муҳити зист
пирях
табодули таҷриба
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049021351_0:79:720:484_1920x0_80_0_0_74b62b61571c5612dfeb9564042160ae.png
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Баҳодур Шерализод, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Александр Козлов, вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, мулоқоти Шерализод ва Козлов дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе баргузор гардид. Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Русияро дар ин бахш ва табодули таҷрибаи кормандонро ба миён гузоштаанд. "Масъалаи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда, истиқлолияти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои гидрометеорологӣ, бахусус пешгӯӣ ва мониторинги ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд", - афзуд манбаъ. Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ карда, хостори таъсиси Бунёди байналмилаллӣ барои ҳифзи онҳо шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.Аз ҷумла пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намуда, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод.
https://sputnik.tj/20220607/rahmon-tojikiston-ob-1048996746.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049021351_63:0:708:484_1920x0_80_0_0_904e7d8bb4051bcd4d3fce0a67dced35.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таҷриба, русия, пирях, ҳифз
тоҷикистон, таҷриба, русия, пирях, ҳифз
Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия дар масъалаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо
Роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва табиати Тоҷикистону Русия масъалаи табодули кормандони соҳа ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарро ба миён гузоштанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Баҳодур Шерализод, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Александр Козлов, вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, мулоқоти Шерализод ва Козлов дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Русияро дар ин бахш ва табодули таҷрибаи кормандонро ба миён гузоштаанд.
"Масъалаи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда, истиқлолияти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои гидрометеорологӣ, бахусус пешгӯӣ ва мониторинги ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд", - афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ карда, хостори таъсиси Бунёди байналмилаллӣ барои ҳифзи онҳо шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.
Аз ҷумла пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намуда, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод.