https://sputnik.tj/20220607/rahmon-tojikiston-ob-1048996746.html
Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд
Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо зикри захираҳои бузурги обӣ дар ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки истифодаи самараноки он барои ҳалли масоили мубрами минтақа мусоидат кунад
2022-06-07T17:15+0500
2022-06-07T17:15+0500
2022-06-07T20:08+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
осиёи марказӣ
муҳити зист
об
кӯл
дарё
захира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086743_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3426eca524258af3e1616770b43af5b5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни конфронси байналмилалӣ дар масоили об дар Душанбе таъкид намуд. "Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад", - изҳор дошт Раҳмон.Ӯ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин мегардад. Ҳамзамон дар кишвар беш аз 98%-и барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне "нерӯи сабз" дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.Ин дар ҳолест, ки ахиран Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар парлумон изҳор дошт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвар аз талаботи солонаи Осиёи Марказӣ бамаротиб бештар аст. Бино ба иттилои расмӣ, шабакаи гидрографии Тоҷикистон 25 ҳазор дарёи хурду бузургро бо дарозии 70 ҳазор километр ташкил медиҳад. Аз ин 947 дарё дарозиашон аз 10 то 100 км, 16 дарё бо дарозии аз 100 то 500 ва 4 дарё аз 500 км дароз мебошад. Инчунин дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли хурду бузург ҷойгир аст, ки машҳуртарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Искандаркӯл ва ғайра мебошанд.
https://sputnik.tj/20220607/bozdid-korshinoson-jahon-vmkb-1048989935.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086743_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_d74a6fd1339c62ce7588e39dbea0d67b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, об, фоида
Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд
17:15 07.06.2022 (Навсозишуда: 20:08 07.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо зикри захираҳои бузурги обӣ дар ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки истифодаи самараноки он барои ҳалли масоили мубрами минтақа мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни конфронси байналмилалӣ дар масоили об дар Душанбе таъкид намуд.
"Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин мегардад. Ҳамзамон дар кишвар беш аз 98%-и барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.
Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне "нерӯи сабз" дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар парлумон изҳор дошт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвар аз талаботи солонаи Осиёи Марказӣ бамаротиб бештар аст.
Бино ба иттилои расмӣ, шабакаи гидрографии Тоҷикистон 25 ҳазор дарёи хурду бузургро бо дарозии 70 ҳазор километр ташкил медиҳад. Аз ин 947 дарё дарозиашон аз 10 то 100 км, 16 дарё бо дарозии аз 100 то 500 ва 4 дарё аз 500 км дароз мебошад.
Инчунин дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли хурду бузург ҷойгир аст, ки машҳуртарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Искандаркӯл ва ғайра мебошанд.