https://sputnik.tj/20220608/rasonaho-eron-tajhizot-nizomi-tolibon-bargardond-1049031278.html
Расонаҳо: Эрон таҷҳизоти низомии толибонро баргардонд
Расонаҳо: Эрон таҷҳизоти низомии толибонро баргардонд
Sputnik Тоҷикистон
Тамоми таҷҳизоти низомиё, ки режими собиқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода буд, дар вилояти Қандаҳон ба намояндагони толибон баргардонда шуд
2022-06-08T17:15+0500
2022-06-08T17:15+0500
2022-06-08T17:47+0500
эрон
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711416_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_8601e934114a02acd9603b6bf6cfc13d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Як даста таҷҳизоти низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ, ки дар замони суқути режими Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта ба Эрон интиқол дода шуда буд, ба Афғонистон баргардонида шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Ariana News" хабар дод. Бар хабари манбаъ, "корвони мошинҳои борбар бо худравҳо, таҷҳизоти низомӣ, аслиҳа ва муҳимот" шаби сешанбе ба чаҳоршанбе аз Эрон тавассути гузаргоҳи Ислом-қалъа ба қаламрави Афғонистон ворид гардид.Тамоми амволи баргардондашуда ба мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Қандаҳор супурда шуд. Гуфта мешавад, ки ин нахустин гурӯҳи мошинҳо ва таҷҳизоти низомӣ аст, ки Эрон пас аз барканории ҳукумати пешини ин кишвар ба Афғонистон баргардонд.Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ халабонҳои афғонистонӣ як теъдод чархболҳоро аз ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол доданд. Дар ҳамин ҳол авоили соли ҷорӣ вазири дифои толибон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои онҳоро баргардонанд.Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабуда буданд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.Истиқболи Амрулло Солеҳ аз Ӯзбекистон барои надодани ҳавопаймоҳои Афғонистон ба толибонДар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.Толибон амалиёти густурда барои барқарории назорат бар Афғонистонро пас аз эълони тасмими ИМА дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз кард.Рӯзи 15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Ҳоло толибон дар Афғонистон ҳукумати муваққат таъсис доданд, ки то ба ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишвар эътироф нашудааст.
https://sputnik.tj/20220112/havopaymoho-tolibon-tojikiston-kumak-1044733236.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711416_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_01f709c0aff23c3c5c85eac46386ffe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон толибон таҷҳизоти низомӣ
эрон толибон таҷҳизоти низомӣ
Расонаҳо: Эрон таҷҳизоти низомии толибонро баргардонд
17:15 08.06.2022 (Навсозишуда: 17:47 08.06.2022) Тамоми таҷҳизоти низомие, ки режими собиқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода буд, дар вилояти Қандаҳор ба намояндагони толибон баргардонда шуд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Як даста таҷҳизоти низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ, ки дар замони суқути режими Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта ба Эрон интиқол дода шуда буд, ба Афғонистон баргардонида шуд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии "Ariana News" хабар дод. Бар хабари манбаъ, "корвони мошинҳои борбар бо худравҳо, таҷҳизоти низомӣ, аслиҳа ва муҳимот" шаби сешанбе ба чаҳоршанбе аз Эрон тавассути гузаргоҳи Ислом-қалъа ба қаламрави Афғонистон ворид гардид.
Тамоми амволи баргардондашуда ба мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Қандаҳор супурда шуд.
Гуфта мешавад, ки ин нахустин гурӯҳи мошинҳо ва таҷҳизоти низомӣ аст, ки Эрон пас аз барканории ҳукумати пешини ин кишвар ба Афғонистон баргардонд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ халабонҳои афғонистонӣ як теъдод чархболҳоро аз ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол доданд. Дар ҳамин ҳол авоили соли ҷорӣ вазири дифои толибон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои онҳоро баргардонанд.
Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабуда буданд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.
Толибон амалиёти густурда барои барқарории назорат бар Афғонистонро пас аз эълони тасмими ИМА дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз кард.
Рӯзи 15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Ҳоло толибон дар Афғонистон ҳукумати муваққат таъсис доданд, ки то ба ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишвар эътироф нашудааст.