https://sputnik.tj/20220608/pashtun-hilmand-volii-navi-panjsher-1049031889.html
Паштун аз Ҳилманд: волии нави Панҷшер кист?
Паштун аз Ҳилманд: волии нави Панҷшер кист?
Sputnik Тоҷикистон
Толибон ҳамзамон бо авҷгирии набардҳо бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, мавлави Муҳамаднасими Нуриро ба ҳайси волии Панҷшер таъйин карданд
2022-06-08T17:00+0500
2022-06-08T17:00+0500
2022-06-08T17:34+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
панҷшер
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049032768_0:0:991:557_1920x0_80_0_0_17dcc34557443d8b6a94ca9eaaf549b3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар вилоят Панҷшер гуфтаанд, ки толибон ҳамзамон бо авҷгирӣ набардҳо бо Ҷабҳаи муқовимат Мавлавӣ Муҳамаднасими Нуриро ба ҳайси волии Панҷшер таъйин намуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.Ба гуфта манбаъ, Ҳибатуллоҳи Охундзода, раҳбари толибон батозагӣ Муҳамаднасимро ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии панҷшер кардааст.Манобеъ хабар доданд, ки волии тозатаъйини толибон барои Панҷшер бошандаи вилояти Ҳилманд ва миллаташ паштун аст.Толибон то кунун ба гунаи расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.Гуфтанӣ аст, ки аз ҳудуди даҳ сол ба ин сӯ Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии номниҳоди толибон барои Панҷшер буд. Ӯ бошанда аслии вулусволии Париёни вилоят Панҷшер аст ва аз сӯйи Мулло Бародар, муовини раисулвузаро ва Мулло Ёқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳимоят мешавад.Мавлавӣ Муҳамаднасим дар ҳоле ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ шудааст, ки пеш аз ин манобеъ муддаӣ буданд, ки толибони бумии Панҷшер салоҳияти раҳбарии ҷанг бо нерӯҳои ҷабҳаи муқовиматро надоранд.
https://sputnik.tj/20220607/sigar-ashraf-ghani-million-dollar-afghoniston-gurekht-1049008380.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049032768_119:0:984:649_1920x0_80_0_0_6e1f9d48b5663dfee237b0aeee535269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, волӣ. панҷшер, толибон, таъйин, набард
афғонистон, волӣ. панҷшер, толибон, таъйин, набард
Паштун аз Ҳилманд: волии нави Панҷшер кист?
17:00 08.06.2022 (Навсозишуда: 17:34 08.06.2022) Толибон ҳамзамон бо авҷгирии набардҳо бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Мавлавӣ Муҳамаднасими Нуриро ба ҳайси волии Панҷшер таъйин карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар вилоят Панҷшер гуфтаанд, ки толибон ҳамзамон бо авҷгирӣ набардҳо бо Ҷабҳаи муқовимат Мавлавӣ Муҳамаднасими Нуриро ба ҳайси волии Панҷшер таъйин намуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Ба гуфта манбаъ, Ҳибатуллоҳи Охундзода, раҳбари толибон батозагӣ Муҳамаднасимро ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии панҷшер кардааст.
Манобеъ хабар доданд, ки волии тозатаъйини толибон барои Панҷшер бошандаи вилояти Ҳилманд ва миллаташ паштун аст.
Толибон то кунун ба гунаи расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Гуфтанӣ аст, ки аз ҳудуди даҳ сол ба ин сӯ Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии номниҳоди толибон барои Панҷшер буд. Ӯ бошанда аслии вулусволии Париёни вилоят Панҷшер аст ва аз сӯйи Мулло Бародар, муовини раисулвузаро ва Мулло Ёқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳимоят мешавад.
Мавлавӣ Муҳамаднасим дар ҳоле ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ шудааст, ки пеш аз ин манобеъ муддаӣ буданд, ки толибони бумии Панҷшер салоҳияти раҳбарии ҷанг бо нерӯҳои ҷабҳаи муқовиматро надоранд.