https://sputnik.tj/20220523/ishkoshim-mard-hamsar-khudkushi-najot-gharq-1048639931.html
Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушизадаашро наҷот доду худ ғарқ шуд
Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушизадаашро наҷот доду худ ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳолати ғарқшавӣ дар Суғду Бадахшон хаба медиҳад, ки яке дар пайи наҷоти ҳамсар фавтидаву дигаре номаълум аст
2022-05-23T12:12+0500
2022-05-23T12:12+0500
2022-05-23T13:58+0500
кҳф
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_0:143:2784:1709_1920x0_80_0_0_8b235104518941ba8e82680d9736fb4b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.Бино ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.Ба иттилои манбаъ, мард вақте ҳамсари дар дарё ғарқшудааш мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ғарқ мешавад.Ҳамзамон манбаъ дар такя ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-сола дар рӯди Сир хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ҷавони ғарқшуда истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич мебошад, ки рӯзи 20-уми май ғарқ шуда буд.Ҷасади марҳумро ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.Ин ниҳод мегӯяд, сабаби ғарқ шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест ва ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад.
https://sputnik.tj/20220507/gharq-najoti-kudaki-id-khf-1048277723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_158:0:2626:1851_1920x0_80_0_0_548543487124eddc25a2b8ff350a1ae0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф мард худкушӣ зан наҷот ғарқ
кҳф мард худкушӣ зан наҷот ғарқ
Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушизадаашро наҷот доду худ ғарқ шуд
12:12 23.05.2022 (Навсозишуда: 13:58 23.05.2022) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду ҳолати ғарқшавӣ дар Суғду Бадахшон хабар медиҳад, ки яке дар пайи наҷоти ҳамсар фавтидааст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.
Ба иттилои манбаъ, мард вақте ҳамсари дар дарё ғарқшудааш мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ғарқ мешавад.
"Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд", - афзуд манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ дар такя ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-сола дар рӯди Сир хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҷавони ғарқшуда истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич мебошад, ки рӯзи 20-уми май ғарқ шуда буд.
Ҷасади марҳумро ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби ғарқ шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест ва ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад.