https://sputnik.tj/20220608/khatar-vaksina-obila-1049041563.html
Хатари ҳайратангези ваксина алайҳи бемории обила ошкор шуд
Хатари ҳайратангези ваксина алайҳи бемории обила ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ваксинаи зидди обила метавонад оқибатҳои хатарнок дошта бошад ва дар баъзе ҳолат метавонад ҳатто инсонро бо марг рӯ ба рӯ намояд, гуфт вирусшиноси рус
2022-06-08T21:10+0500
2022-06-08T21:10+0500
2022-06-09T13:19+0500
тандурустӣ
ваксина
бемор
сироят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045518616_0:136:2573:1583_1920x0_80_0_0_e400a98146091d8a13c25432cc6e8035.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ваксина алайҳи бемории сурхакон метавонад хатарнок бошад, гуфт вирусшинос, сармутахассиси Маркази эпидемиология ва микробиологияи "Гамалея" Анатолий Алтштейн.Ба гуфтаи ӯ, дар Русия чунин доруҳо ҳифз шудаанд. Агар зарур бошад, онҳоро барои табобати сурхакон низ истифода бурдан мумкин аст. Бо вуҷуди ин баъзан ин ваксина оқибати ҷиддӣ дорад."Дар мавриди ваксинаи зидди бемории сурхакон, ки дар асоси як вирус сохта шудааст ва солҳои тӯлонӣ истифода мешавад, он таъсири хеле вазнин дорад, ҳатто метавонад инсонро ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кунад. Тақрибан аз ҳар 100 ҳазор нафар як нафар маюб мешавад ё мемирад", - афзуд ӯ. Истифодаи захираи куҳнаи доруворӣ бар зидди бемории сурхакон низ тавсия намешавад. Вақте зарурати истифодаи ваксина набошад, "духтурон нафаси сабук мекашанд", - гуфт вирусолог дар суҳбат бо URA.RU. Ёдовар мешавем, ки бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣАломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220528/izhorot-rusiya-obila-maymun-1048764850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045518616_140:0:2431:1718_1920x0_80_0_0_5d2eb83f606c67a46579585294d1f350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина, обилаи ҳамдуна,
Хатари ҳайратангези ваксина алайҳи бемории обила ошкор шуд
21:10 08.06.2022 (Навсозишуда: 13:19 09.06.2022) Ваксинаи зидди сурхакон метавонад оқибатҳои хатарнок дошта бошад ва дар баъзе ҳолат ҳатто инсонро бо марг рӯ ба рӯ намояд, гуфт вирусшиноси рус
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ваксина алайҳи бемории сурхакон метавонад хатарнок бошад, гуфт вирусшинос, сармутахассиси Маркази эпидемиология ва микробиологияи "Гамалея" Анатолий Алтштейн.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия чунин доруҳо ҳифз шудаанд. Агар зарур бошад, онҳоро барои табобати сурхакон низ истифода бурдан мумкин аст. Бо вуҷуди ин баъзан ин ваксина оқибати ҷиддӣ дорад.
"Дар мавриди ваксинаи зидди бемории сурхакон, ки дар асоси як вирус сохта шудааст ва солҳои тӯлонӣ истифода мешавад, он таъсири хеле вазнин дорад, ҳатто метавонад инсонро ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кунад. Тақрибан аз ҳар 100 ҳазор нафар як нафар маюб мешавад ё мемирад", - афзуд ӯ.
Истифодаи захираи куҳнаи доруворӣ бар зидди бемории сурхакон низ тавсия намешавад. Вақте зарурати истифодаи ваксина набошад, "духтурон нафаси сабук мекашанд", - гуфт вирусолог дар суҳбат бо URA.RU.
Ёдовар мешавем, ки бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.