Эълони интихобот барои курсии собиқи Насриддинзода дар парлумон

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонНасриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Курсии Эмомалӣ Насриддинзода, ки моҳи майи соли гузашта ваколатҳои вакилияш пеш аз муҳлат қатъ шуда буданд, беш як соли охир холӣ буд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи нави интихоботи миёнадавриро муайян кардааст.
Ба иттилои манбаъ, интихоби миёнадаврӣ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ, рақами 1 баргузор мешавад. Сокинони ин ҳавза метавонанд вакили навашонро рӯзи 14 августи соли равон интихоб намоянд.
Вакили қаблӣ аз ин ҳавза Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин буд, ки тайи беш аз як соли охир дар мақоми ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта Насриддинзодаро ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин намуда буд.
Праздник во дворце культуры в Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорад
Насриддинзода ҳамчунин роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба уҳда дошт, ки бо таъйинаш ба мақоми ҷадид курсии вакилӣ ва роҳбари кумита холӣ монд.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Интихоботи охири парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор гардида, аксари курсиҳои Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриро намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуданд, ки роҳбарии онро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0