https://sputnik.tj/20220517/sughd-raiskhonum-dorad-1048505493.html
Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорад
Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорад
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд иҷрои барномаи давлатӣ барои баланд бардоштани мавқеаи зан дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор додаст
2022-05-17T13:00+0500
2022-05-17T13:00+0500
2022-05-17T13:06+0500
дар тоҷикистон
суғд
зан
духтарон
раис
мавқеъ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901513_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_6c334185f3a4c76329dd33f2874b9691.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз 1,4 млн зану духтари вилояти Суғд 22,6 ҳазор нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар ин бора Хуршедахон Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар вилоят 1 ҳазору 167 нафар хидматчии давлатӣ мебошанд.Хоҷазода илова намуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллӣ, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошанд. Масъули идораи кор бо занони Суғд ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 13 нафар доктори илм ва 356 нафар номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар мавриди бонувони корманди бахши маорифи Суғд зикр шудааст, ки аз 26 ҳазору 520 нафар аз заноне, ки дар соҳа кор мекунанд, 2887 нафар роҳбар буда, 750 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд.Хоҷазода инчунин аз ҷалби духтарон ба таҳсил гуфта, изҳор дошт, ки аз 40 ҳазору 553 нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, 506 нафар гирандаи стипендияи президентӣ ва 77 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят мебошанд. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фаъологардонии нақши занон дар ҷумҳурӣ солҳои 2021-2030 қабул гардидааст, ки ҳадафи он ҷалби ҳарчи бештари занон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20220426/qaror-hukumat-afzoish-tedod-zanon-rohbar-1047986683.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901513_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_b59fc9e74da1a8342f2bc2edb2233b78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занон, суғд, куҷо, кор
Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорад
13:00 17.05.2022 (Навсозишуда: 13:06 17.05.2022) Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд иҷрои барномаи давлатӣ барои баланд бардоштани мавқеаи зан дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз 1,4 млн зану духтари вилояти Суғд 22,6 ҳазор нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Дар ин бора Хуршедахон Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар вилоят 1 ҳазору 167 нафар хидматчии давлатӣ мебошанд.
Хоҷазода илова намуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллӣ, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошанд.
"Ҳамзамон аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд", - изҳор дошт ӯ.
Масъули идораи кор бо занони Суғд ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 13 нафар доктори илм ва 356 нафар номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд.
Дар мавриди бонувони корманди бахши маорифи Суғд зикр шудааст, ки аз 26 ҳазору 520 нафар аз заноне, ки дар соҳа кор мекунанд, 2887 нафар роҳбар буда, 750 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд.
Хоҷазода инчунин аз ҷалби духтарон ба таҳсил гуфта, изҳор дошт, ки аз 40 ҳазору 553 нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, 506 нафар гирандаи стипендияи президентӣ ва 77 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят мебошанд.
Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фаъологардонии нақши занон дар ҷумҳурӣ солҳои 2021-2030 қабул гардидааст, ки ҳадафи он ҷалби ҳарчи бештари занон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад.