Ҳамкории ҲХДТ ва Ҳизби “Русия воҳид” баррасӣ шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСимволика партии "Единая Россия".
Символика партии Единая Россия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Масъалаи тавсеаи ҳамкории миёни Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон ва Ҳизби “Русия воҳид” баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси ҲХДТ бо Артём Туров, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва иртибот бо ҳамватанон, узви Шӯрои генералии ҳизби “Русияи воҳид” мулоқот намуд, иттилоъ додааст маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Тибқи иттилои манбаъ, ин мулоқот дар доираи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби “Русияи воҳид” сурат гирифтааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, тарафҳо пешниҳод карданд, ки миёни Ташкилоти умумирусиягии ҷамъиятии “Гвардия ҷавонони Русияи воҳид" ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, нақшаи кории он низ мураттаб гардад.
Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳукумати Русия созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши таъмини нафақаро тасвиб кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баҳои муносиб дода шуд.
Иброз гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбанд. Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Русия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд.
Дар ин вохӯрӣ зикр гардид, ки идома додани ҳамкорӣ дар доираи фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва фраксияи "Русияи воҳид" дар Думаи давлатии Маҷлиси Федералӣ барои тарафайн манфиатбахш мебошад.
Инчунин зимни мулоқот дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва тақвият бахшидани онҳо дар заминаи ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия тақрибан 50% афзуд
Дар ин дидор ба фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав низ баҳои муносиб дода шуда, тақвият ёфтани кори он тибқи талаботи рӯз, ба манфиати кор дониста шуд.
Манбаъ илова кардааст, ки дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкории ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки байни ду ҳизби сиёсӣ созишномаи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017 амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0