Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия тақрибан 50% афзуд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Ҳаҷми гардиши савдои миёни Тоҷикистону Русия дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ 49% афзуд, гуфтанд дар Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Гардиши савдои миёни Тоҷикистону Русия дар давоми чор моҳи соли 2022 476,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додаааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49% бештар аст.
Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Русия гуфта шудааст.
Дар ин дидор сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ ва ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербург таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абубакаров ширкат кардаанд.
Демонстрация овощей и фруктов в Хатлонской области по случаю визита президента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Дар интизории шартномаҳо: Дар Тоҷикистон форуми "Бохтар фуд 2022" кушода шуд
Шарифӣ гуфтааст, ки Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар ин мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ номбар шудаанд
Дар баробари ин масъалаи бо истифода аз долонҳои сабз таъмин намудани меваю сабзавот, инчунин дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани марказҳои тақсимоти яклухтро муҳокима намудаанд.
Ҷонибҳо дар ин дидор омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баёншуда иброз доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0