https://sputnik.tj/20220605/tasdiq-shart-barkanori-dushanbe-vmkb-1048944446.html
Шартҳои нави барканории раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳӣ: қабули тағйирот дар қонун
Шартҳои нави барканории раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳӣ: қабули тағйирот дар қонун
Sputnik Тоҷикистон
Дар қонунгузории Тоҷикистон тағйироти нав қабул гардид, ки сабабҳои фавран барканор кардани раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳии дигарро мушаххас кардааст
2022-06-05T09:00+0500
2022-06-05T09:00+0500
2022-06-05T09:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
тағйирот
барканорӣ
раис
душанбе
вмкб
қонун
маҷлиси миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро қабул намуд, ки марбути маҳрум кардани роҳбарон дар маҳалҳо аз вазифаҳояшон мебошад. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи тағйироти мазкур аз сабабҳои нав зикр кардаст, ки боиси барканориии роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мешаванд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум". Манбаъ аз қавли Раҳимӣ овардааст, ки дар қисми якуми моддаи 22-и қонуни амалкунанда дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ сархатҳои шашум ва ҳафтум илова шудаанд. Бар асоси ин тағйирот, минбаъд раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия фавран аз мақомашон барканор мешаванд. Далели дигари барканории раиси пойтахт, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавонад, нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби онҳо гардад. Инчунин минбаъд дидаю дониста қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ дар бораи додан, гирифтан ва вобаста кардани қитъаи замин раисони шаҳру навоҳиро аз мақомашон маҳрум мегардонад. Тағйироти мазкурро ҳафтаи равон аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Фарҳод Раҳимӣ, ки дар баробари узви дигари Маҷлиси миллӣ - Мадина Набизода ташаббускори тағйироти мазкур мебошад, изҳор дошт, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Интизор меравад, ки дар пайи имзои ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва нашраш дар матбуоти даврӣ он мавриди амал қарор гирад.
https://sputnik.tj/20220322/qaror-ghayriqonuni-raison-shahr-tojikiston-1046988950.html
душанбе
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасдиқ, барканорӣ, сабаб, роҳбарон, шаҳр
тасдиқ, барканорӣ, сабаб, роҳбарон, шаҳр
Шартҳои нави барканории раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳӣ: қабули тағйирот дар қонун
09:00 05.06.2022 (Навсозишуда: 09:10 05.06.2022) Дар қонунгузории Тоҷикистон тағйироти нав қабул гардид, ки сабабҳои фавран барканор кардани раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳии дигарро мушаххас кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро қабул намуд, ки марбути маҳрум кардани роҳбарон дар маҳалҳо аз вазифаҳояшон мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи тағйироти мазкур аз сабабҳои нав зикр кардаст, ки боиси барканориии роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мешаванд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Манбаъ аз қавли Раҳимӣ овардааст, ки дар қисми якуми моддаи 22-и қонуни амалкунанда дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ сархатҳои шашум ва ҳафтум илова шудаанд.
Бар асоси ин тағйирот, минбаъд раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия фавран аз мақомашон барканор мешаванд.
Далели дигари барканории раиси пойтахт, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавонад, нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби онҳо гардад.
Инчунин минбаъд дидаю дониста қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ дар бораи додан, гирифтан ва вобаста кардани қитъаи замин раисони шаҳру навоҳиро аз мақомашон маҳрум мегардонад.
Тағйироти мазкурро ҳафтаи равон аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, ки дар баробари узви дигари Маҷлиси миллӣ - Мадина Набизода ташаббускори тағйироти мазкур мебошад, изҳор дошт, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Интизор меравад, ки дар пайи имзои ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва нашраш дар матбуоти даврӣ он мавриди амал қарор гирад.