https://sputnik.tj/20220607/vokunish-gharb-zelenskiy-qrim-1048992661.html
Вокуниши Ғарб ба талаби Зеленский дар мавриди Қрим
Вокуниши Ғарб ба талаби Зеленский дар мавриди Қрим
Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни кишварҳои ғарбӣ масъалаи дигари баҳсӣ пайдо шуд: бархе давлатҳои аврупоӣ аз талаби раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҷонибдорӣ накардаанд
2022-06-07T14:00+0500
2022-06-07T14:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
қрим
сиёсат
аврупо
ғарб
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048237425_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_f2293eceb31ceca89a7bb46be1be7f07.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Итолиё, Фаронса ва Олмон аз талаби Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҳимоят накардаанд, хабар дод "American Conservative".Манбаъ зикр кардааст, Зеленский мунтазам талабот дар мавриди баргардондани Қрим ба таҳти идораи Киевро изҳор мекунад. Аммо шореҳи нашрия Патрик Бюкенен менависад, Рим, Порис ва Берлин аз ин иддао ҳимоят намекунанду ҷонибдорияшонро барои эътидоли ҳарчи зудтари вазъ дар Украина баён медоранд. "Касе барои талабот, ки Владимир Зеленский гоҳҳо ба миён мегузорад, пойфишорӣ намекунад: талабаш хуруҷи Русия аз ин қаламрав мебошад, ки аз соли 2014 ба ин сӯ таҳти назораташ дорад", - омадааст дар матлаб. Дар зимн бархе аз роҳбарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ роҳбари украиниро дар ин иддаояш ҷонибдор мекунанд. Қаблан Зеленский изҳор карда буд, ки Киев ҳич гоҳ Қримро ҳамчун қаламрави Русия эътироф намекунаду ба мухторияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск розӣ намешавад. Маврид ба зикр аст, ки Қрим соли 2014 дар пайи як раъйпурсии умумихалқӣ ба Русия пайваст шуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки дар Украина табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Мақомоти Русия мегӯянд, ин интихоби сокинони Қрим буд ва аз роҳи демократӣ, бар асоси меъёрҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид пайвастшавӣ сурат гирифт. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани Қрим барои ҳамеша баста шуд.
https://sputnik.tj/20220607/makron-rusiya-ukraina-1048990331.html
қрим
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048237425_300:0:2967:2000_1920x0_80_0_0_c8058ca243f11c6030a5ec8b5a5b32d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб, зеленский, қрим, ҷонибдорӣ
талаб, зеленский, қрим, ҷонибдорӣ
Вокуниши Ғарб ба талаби Зеленский дар мавриди Қрим
14:00 07.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар миёни кишварҳои ғарбӣ масъалаи дигари баҳсӣ пайдо шуд: бархе давлатҳои аврупоӣ аз талаби раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҷонибдорӣ накардаанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Итолиё, Фаронса ва Олмон аз талаби Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҳимоят накардаанд, хабар дод "American Conservative".
Манбаъ зикр кардааст, Зеленский мунтазам талабот дар мавриди баргардондани Қрим ба таҳти идораи Киевро изҳор мекунад.
Аммо шореҳи нашрия Патрик Бюкенен менависад, Рим, Порис ва Берлин аз ин иддао ҳимоят намекунанду ҷонибдорияшонро барои эътидоли ҳарчи зудтари вазъ дар Украина баён медоранд.
"Касе барои талабот, ки Владимир Зеленский гоҳҳо ба миён мегузорад, пойфишорӣ намекунад: талабаш хуруҷи Русия аз ин қаламрав мебошад, ки аз соли 2014 ба ин сӯ таҳти назораташ дорад", - омадааст дар матлаб.
Дар зимн бархе аз роҳбарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ роҳбари украиниро дар ин иддаояш ҷонибдор мекунанд.
Қаблан Зеленский изҳор карда буд, ки Киев ҳич гоҳ Қримро ҳамчун қаламрави Русия эътироф намекунаду ба мухторияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск розӣ намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Қрим соли 2014 дар пайи як раъйпурсии умумихалқӣ ба Русия пайваст шуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки дар Украина табаддулоти давлатӣ сурат гирифт.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин интихоби сокинони Қрим буд ва аз роҳи демократӣ, бар асоси меъёрҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид пайвастшавӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани Қрим барои ҳамеша баста шуд.