https://sputnik.tj/20220607/tursunzoda-ozmoishgoh-virusshinosi-1048991734.html
Дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ифтитоҳ шуд
Дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ифтитоҳ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ташхисгоҳ бемории COVID-19, инчунин гузаронидани ташхис ва тестҳои бемории гепатити В ва С саривақт ва босифати баланд амалӣ мегардад
2022-06-07T13:20+0500
2022-06-07T13:20+0500
2022-06-07T18:53+0500
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
озмоишгоҳ
ифтитоҳ
дар тоҷикистон
турсунзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419625_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_83db583168fdbdffd27ceb5a45a7a242.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд.Ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз ин ва баъд мардуми шаҳри Турсунзода бо хидматрасонии сатҳи баланд дар зодгоҳашон таъмин бошанд.Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз ҷараёни кори ташхисгоҳи вирусологӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд хидматрасонӣ намудан супориш додааст.Ӯ ҳамчунин ба иҷрои саривақтии ташхису баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти риояи талаботи сантитарию эпидемиологӣ ба масъулини Маркази назорати давлатии санитпарию эпидемиологии шаҳр дастур додааст.Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода Мизроб Саидзода иброз дошт, ки ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири вирусшиносӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳа фаъолият менамоянд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Яке аз афзалияти ташхисгоҳ дар он аст, ки вуҷуди бемории COVID-19 -ро дар организми инсон дар муддати кӯтоҳ ва саҳеҳ муайян менамояд.Дар Суғд гуфтанд, ки чи гуна аз паҳншавии обчакони маймун пешгирӣ мекунандИн дар ҳолест, ки ҳамкории илмию амалии "Роспотребнадзор" бо шарикон дар ИДМ барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои сироятӣ дар фазои ягонаи эпидемиологӣ идома меёбад.Пештар хабар дода шуд, ки Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳад.
https://sputnik.tj/20220603/rusiya-idm-asbob-ozmoish-1048921398.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419625_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1170bd2061bf2e229019449bbc19f34a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтитоҳ, озмоишгоҳ, вирусшиносӣ, турсунзода
ифтитоҳ, озмоишгоҳ, вирусшиносӣ, турсунзода
Дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ифтитоҳ шуд
13:20 07.06.2022 (Навсозишуда: 18:53 07.06.2022) Дар ин ташхисгоҳ ташхиси бемории COVID-19, инчунин гузаронидани ташхис ва тестҳои бемории гепатити В ва С сари вақт ва саҳеҳ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд.
Ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз ин ва баъд мардуми шаҳри Турсунзода бо хидматрасонии сатҳи баланд дар зодгоҳашон таъмин бошанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз ҷараёни кори ташхисгоҳи вирусологӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд хидматрасонӣ намудан супориш додааст.
Ӯ ҳамчунин ба иҷрои саривақтии ташхису баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти риояи талаботи сантитарию эпидемиологӣ ба масъулини Маркази назорати давлатии санитпарию эпидемиологии шаҳр дастур додааст.
Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода Мизроб Саидзода иброз дошт, ки ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири вирусшиносӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳа фаъолият менамоянд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Яке аз афзалияти ташхисгоҳ дар он аст, ки вуҷуди бемории COVID-19 -ро дар организми инсон дар муддати кӯтоҳ ва саҳеҳ муайян менамояд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамкории илмию амалии "Роспотребнадзор" бо шарикон дар ИДМ барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои сироятӣ дар фазои ягонаи эпидемиологӣ идома меёбад.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳад.