Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳад

© Sputnik / Владимир ПесняМедицинская лаборатория, архивное фото
Медицинская лаборатория, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
"Роспотребнадзор" омодааст, ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ташхиси бемории обилаи ҳамдуна асбобҳои озмоиш пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. "Роспотребнадзор" омодааст, ба шарикони Русия дар кишварҳои ИДМ кумак кунад ва ба онҳо барои ташхиси бемории обилаи ҳамдунама дастгоҳ пешниҳод намояд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба торнамои ин ниҳод.
Рӯзи ҷумъа дар "Роспотребнадзор" ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои ҳифзи санитарии қаламравҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз вуруд ва паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ баргузор гардид.

"Намояндагони "Роспотребнадзор" изҳори омодагӣ карданд, ки ба шарикон дар ИДМ кумак мекунанд ва ба кишварҳо асбобҳои ташхиси обилаи ҳамдуна, ки дар Маркази таҳқиқотии "Вектор" таҳия шудаанд, пешниҳод намоянд", - омадааст дар гузориш.

Ҳамкории илмию амалии "Роспотребнадзор" бо шарикон дар ИДМ барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои сироятӣ дар фазои ягонаи эпидемиологӣ идома дода мешавад, қайд мешавад дар мавод.
Мали. Город Мопти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Башарият дар хатар: изҳороти ҳайратангези Вазорати дифои Русия дар бораи обилаи маймун
"Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бар зидди сироятҳо тасмим гирифта шуд, ки тавсияҳои методӣ оид ба ташкили машқҳо бо истифода аз озмоишгоҳҳои сайёр таҳия, инчунин феҳристи мутахассисони муассисаҳои махсуси кишварҳои ИДМ, ки таҷрибаи корӣ дар мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда доранд, ташкил шавад", - шарҳ доданд дар "Роспотребнадзор".
Дар Суғд гуфтанд, ки чи гуна аз паҳншавии обчакони маймун пешгирӣ мекунанд
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад. Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад. Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафта буд.
Лентаи хабарҳо
0