Самӣ Содот: Ғанӣ ба генералони ҷавони артиши Афғонистон эътимод надошт

© Пресс-центр 209 корпуса "Шахин"Афганский коммандос
Афганский коммандос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Ахирин фармондеҳи нерӯҳои вижаи давлати пешини Афғонистон дар тозатарин изҳороташ гуфт, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ болои генералони ҷавони артиш эътимод надошт
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Генерал Самӣ Содот, охирин фармондеҳи нерӯҳои вижаи ҳукумати собиқи Афғонистон, дар мусоҳиба бо нозири вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (Сигор) гуфтааст, Ашраф Ғанӣ дар вопасин рӯзҳои ҳукуматаш аз низомиёне метарсид, ки зери назари Амрико омӯзиш дида буданд.
Содот афзуд, таъйин шудани Набӣ Аҳмадзай ба ҳайси фармондеҳи корпуси 207-уми Зафар дар Ҳирот, бар асоси равобити хонаводагии наздики ӯ бо Ғанӣ дар охирин ҳафтаҳои умри ҳукумати ҷумҳурӣ, яке аз намунаҳои беэътимодии Ашраф Ғанӣ ба генералҳои ҷавоне буд, ки зери назари амрикоиҳо омӯзиш дида буданд.
Оқои Содот гуфт, аммо корпуси 207-ум аввалин корпуси артишест, ки бо тамоми таҷҳизоташ ба Толибон таслим шуд.
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Русия: Сармоягузорӣ дар Афғонистон бастагӣ ба расман эътироф шудани толибон дорад
Фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Афғонистон ба “Сигор” гуфтааст, ки оқои Ғанӣ "паронои" аст ва аз ҳамватанонаш ва аз табаддулоти низомӣ метарсад.
Генерал Самӣ Содот гуфт, ки Ғанӣ дар рӯзҳои охири ҳукмрониаш ба сарбозони собиқи содиқ ба ӯ муроҷиат кардааст.
Ба гуфтаи генерал Содот, нобоварии ҷаноби Ғанӣ ба низомиёни ҷавон пас аз соли 2021, ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз суқути ҷумҳурӣ оғоз шуд ва ӯ талош дошт, ки ҷавононро бо генералҳои кумунисти собиқадор, ки ба ӯ содиқ буданд, иваз намояд.
Дар рӯзҳои охири режими қаблӣ генерал Содот масъули амнияти Кобул таъин шуда буд.
Ӯ ҳамчунин чанд рӯз пеш аз суқути Кобул фармондеҳи нерӯҳои вижа таъин шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0