https://sputnik.tj/20220607/salibi-surkh-buhroni-afghoniston-basij-1048994950.html
Салиби Сурх: Маҳори буҳрони Афғонистон бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ мумкин нест
Салиби Сурх: Маҳори буҳрони Афғонистон бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ мумкин нест
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари намояндагии Салиби Сурхи дар Афғонистон эълом кардааст, ки бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавон буҳрони иқтисодӣ дар ин кишварро маҳор кард
2022-06-07T15:00+0500
2022-06-07T15:00+0500
2022-06-07T19:09+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
буҳрон
иқтисодӣ
ҷомеаи ҷаҳонӣ
фақр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_38996bf71d50d01242ab158c0a9bc8eb.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Алви Филион, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон миллионҳо нафарро ба фақр рӯ ба рӯ месозад.Филион бо нашри тасвире аз фурӯши аҷноси манзил дар Кобул гуфтааст, ки "мардум то ҳол талош доранд, бо фурӯши ашёи рӯзгор барои хонаводаҳои худ як луқма нон пайдо кунанд."Раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон хостори басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар шуд.Ёдрас менамоем, ки пештар муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи Наҷоти Кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.Созмони Наҷоти Кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220606/sobiri-mavzei-mushtarake-masoili-afghoniston-1048974573.html
https://sputnik.tj/20220527/tahdid-asosi-osiyoi-markazi-afghoniston-1048744896.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6778bea01431bab5bd5fff00041da07f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, салиби сурх, ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрон, иқтисод, фақр
афғонистон, салиби сурх, ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрон, иқтисод, фақр
Салиби Сурх: Маҳори буҳрони Афғонистон бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ мумкин нест
15:00 07.06.2022 (Навсозишуда: 19:09 07.06.2022) Дафтари намояндагии Салиби Сурхи дар Афғонистон эълом кардааст, ки бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавон буҳрони иқтисодӣ дар ин кишварро маҳор кард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Алви Филион, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон миллионҳо нафарро ба фақр рӯ ба рӯ месозад.
Филион бо нашри тасвире аз фурӯши аҷноси манзил дар Кобул гуфтааст, ки "мардум то ҳол талош доранд, бо фурӯши ашёи рӯзгор барои хонаводаҳои худ як луқма нон пайдо кунанд."
Раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон хостори басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар шуд.
Ёдрас менамоем, ки пештар муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.
Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи Наҷоти Кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.
Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.
Созмони Наҷоти Кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст.