https://sputnik.tj/20220606/sobiri-mavzei-mushtarake-masoili-afghoniston-1048974573.html
Собирӣ: Теҳрону Душанбе мавзеи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд
Собирӣ: Теҳрону Душанбе мавзеи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбеву Теҳрон дар хусуси вазъи Афғонистон мавзеи муштараке доранд
2022-06-06T17:40+0500
2022-06-06T17:40+0500
2022-06-06T17:40+0500
дар тоҷикистон
эрон
равобит
ҳамкорӣ
афғонистон
мавзеъ
муштарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103130/03/1031300399_0:12:1080:620_1920x0_80_0_0_28c016dc5fe2e0af4480df134fb3f3b8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, қайд кардааст, яке аз нукоте, ки дар сафари Президенти Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо Раёсати ҷумҳур, ҳам дар мулоқот бо Раёсати муҳтарами Маҷлис ва ҳам дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб матраҳ шуд, таҳаввулот ва авзоъи амниятии минтақа ба вежа кишвари ҳамсояи мо Афғонистон буд.“Ҳар ду кишвар дар ин хусус нигарониҳои худашонро аз фаъолитҳои гурӯҳҳои террористӣ эълом карданд. Ду кишвар мавзеъи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд ва он дар аввалвият қарордодани рифоҳу осоиши мардуми азизи Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогири муташаккил аз намояндагони ҳамаи ақвому аҳзоби мавриди қабули мардуми ин кишвар аст”, - таъкид дошт сафири Эрон дар Тоҷикистон.Вай илова кард, ин мавзеъе буд, ки дар ҷараёни сафари ҷаноби оқои Раҳмон дар мулоқот бо мақомоти олии низом таъкид шуд.Ҳамзамон сафир зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги Эрон аст.“Дар ин хусус ирода ва бинои мақомоти олии ҳар ду тараф бар тавсиаи равобит аст ва касоне, ки ба ҳар далеле бихоҳанд халале дар ин равобит ворид кунанд ва тарафҳои солисе, ки дӯстдори тавсеаи равобит набошанд, бояд ин паёмро гирифта бошанд, ки наметавонанд дар ҷиҳати хилофи мақомоти олии ду кишвар кор кунанд”, - илова кард Муҳаммадтақии Собирӣ.
https://sputnik.tj/20220606/ravobiti-iqtisodii-tojikistonu-eron-afzoish-1048974107.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103130/03/1031300399_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_1e83e403127c85f74ca0cf2a3c3da82a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, афғонистон, мавзеъ, муштарак, вазъ, сафир
тоҷикистон, эрон, афғонистон, мавзеъ, муштарак, вазъ, сафир
Собирӣ: Теҳрону Душанбе мавзеи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбеву Теҳрон дар хусуси вазъи Афғонистон мавзеи муштараке доранд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, қайд кардааст, яке аз нукоте, ки дар сафари Президенти Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо Раёсати ҷумҳур, ҳам дар мулоқот бо Раёсати муҳтарами Маҷлис ва ҳам дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб матраҳ шуд, таҳаввулот ва авзоъи амниятии минтақа ба вежа кишвари ҳамсояи мо Афғонистон буд.
“Ҳар ду кишвар дар ин хусус нигарониҳои худашонро аз фаъолитҳои гурӯҳҳои террористӣ эълом карданд. Ду кишвар мавзеъи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд ва он дар аввалвият қарордодани рифоҳу осоиши мардуми азизи Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогири муташаккил аз намояндагони ҳамаи ақвому аҳзоби мавриди қабули мардуми ин кишвар аст”, - таъкид дошт сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Вай илова кард, ин мавзеъе буд, ки дар ҷараёни сафари ҷаноби оқои Раҳмон дар мулоқот бо мақомоти олии низом таъкид шуд.
Ҳамзамон сафир зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги Эрон аст.
“Дар ин хусус ирода ва бинои мақомоти олии ҳар ду тараф бар тавсиаи равобит аст ва касоне, ки ба ҳар далеле бихоҳанд халале дар ин равобит ворид кунанд ва тарафҳои солисе, ки дӯстдори тавсеаи равобит набошанд, бояд ин паёмро гирифта бошанд, ки наметавонанд дар ҷиҳати хилофи мақомоти олии ду кишвар кор кунанд”, - илова кард Муҳаммадтақии Собирӣ.