https://sputnik.tj/20220607/bozdid-korshinoson-jahon-vmkb-1048989935.html
Боздиди коршиносони ҷаҳонӣ аз ВМКБ ва Нораку Роғун
Боздиди коршиносони ҷаҳонӣ аз ВМКБ ва Нораку Роғун
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ бо захоири оби Тоҷикистон аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шинос шуданд
2022-06-07T12:19+0500
2022-06-07T12:19+0500
2022-06-07T18:44+0500
дар тоҷикистон
об
пирях
пиряхи федченко
сарез
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101856/14/1018561457_0:89:2326:1397_1920x0_80_0_0_3a69dc00b7c59450b6e668af61669a34.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Як гурӯҳи меҳмонони Тоҷикистон, ки барои иштирок дар конфронси об ба Душанбе омадаанд, аз минтақаҳои гуногуни кишвар боздид намуданд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ шинос шудаанд. Инчунин онҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид карда, бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд.Сафари коршиносони ҷаҳонӣ дар ҳоле баргузор гардид, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.Ӯ аз қавли коршиносон гуфт, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар сайёра ба шумор мераванд.Вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказиро президент яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо арзёбӣ кард.Дар самти ҳифзи захоири об Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд.Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар масоили об то 9 июн бо иштироки намояндагони созмону давлатҳои гуногун идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220607/nigaroni-rahmon-ob-jahon-1048988904.html
сарез
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101856/14/1018561457_173:0:2153:1485_1920x0_80_0_0_6ff9f4afa337a8f743f4973f9b78c412.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, коршиносон, ҷаҳон, вмкб, норак, роғун
сафар, коршиносон, ҷаҳон, вмкб, норак, роғун
Боздиди коршиносони ҷаҳонӣ аз ВМКБ ва Нораку Роғун
12:19 07.06.2022 (Навсозишуда: 18:44 07.06.2022) Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ бо захоири оби Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Як гурӯҳи меҳмонони Тоҷикистон, ки барои иштирок дар конфронси об ба Душанбе омадаанд, аз минтақаҳои гуногуни кишвар боздид намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ шинос шудаанд.
Инчунин онҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид карда, бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд.
Сафари коршиносони ҷаҳонӣ дар ҳоле баргузор гардид, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Ӯ аз қавли коршиносон гуфт, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар сайёра ба шумор мераванд.
Вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказиро президент яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо арзёбӣ кард.
Дар самти ҳифзи захоири об Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар масоили об то 9 июн бо иштироки намояндагони созмону давлатҳои гуногун идома хоҳад кард.