Путин аз вазъи таваррум дар Русия гуфт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Кишвардори Русия изҳор дошт, дар шароити феълӣ ба ин кишвар муяссар шудааст, ки вазъи таваррумро зери назорат қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Вазъи таваррум дар Русия зери назорат ва аз афзоиши он ҷилавгирӣ када шуд, гуфт раисҷумҳур Владимир Путин дар ҷаласае бобати масоили иқтисодӣ.

"Таваррум ба ҳисоби миёна то 27 май 17,4 фоизро ташкил дод, дар ҳоле ки аз нимаи дуюми моҳи май афзоиши нархҳо комилан қатъ шуд. Ҳоло таваррум ба сифр баробар аст", - гуфт роҳбари Русия.

Вай дар баробари ин таъкид кард, ки дар ин вазъият ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ низ вуҷуд доранд.
"Аз ин рӯ, зарур аст, ки вазъиятро бодиққат таҳлил намуда, сари вақт тасмим гирифта шавад", - афзуд президент.
Илова бар ин Путин даъват кард, ки динамикаи талаботи истеъмолкунандагон дастгирӣ ёбад ва афзоиши даромади шаҳрвандон таъмин гардад.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа барои безарарсозии Украина чанд бастаи маҳдудият алайҳи Русия қабул карданд. Аксари онҳо ба бахши бонкӣ ва таъмини маҳсулоти технологӣ марбут буданд.
Маскав ин гуна иқдомҳоро ҷанги иқтисодӣ номида, изҳор дошт, ки ба чунин сенария омода аст. Бонки марказӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори асъор чораҳо андешид, ки ба шарофати ин қурби рубл дар баробари доллар ва евро ба таври қобили мулоҳиза устувор шуда, ба баландтарин ҳадди панҷ соли охир расид.
Русия инчунин аз кишварҳои ғайридӯст талаб намуд, ки ҳаққи газро бо асъори русӣ пардохт кунанд.
Лентаи хабарҳо
0