Мурофиаи додгоҳии 11 тоҷик дар Қирғизистон анҷом ёфт: натиҷа

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Лайлак нисбати 11 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд, ҳукм содир кард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии додгоҳи маҳаллӣ.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешуданд ва алайҳашон бо моддаи 378 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Ҳамин тариқ додгоҳи ноҳияи Лейлак барои ин кирдор онҳоро дар умум 550 ҳазор сом (6,9 ҳазор доллар) ҷарима баст.
Додгоҳ пас аз қабули ин тасмим 11 шаҳрванди Тоҷикистонро билофосила аз боздошт озод кард, ки ҳар кадом ба маблағи 50 ҳазор сом (ҳудуди 620 доллар) бояд ба ҷониби Қирғизистон пардозанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 май Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буд.
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Боздошти 11 тоҷикистонӣ дар Қирғизистон: сабаб
Ҳамаи онҳо зода ва сокинони деҳаи наздимарзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.
Мардони боздоштшуда дар марз ба будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Қирғизистон ва кори ғайриқонунӣ дар яке аз анборҳои ангишт дар шаҳри Сулукта гумонбар дониста мешаванд.
Қаблан дар вилояти Бодканд марзбонони қирғиз аз қочоқи селитра ва биринҷ ҷилавгирӣ карда буданд, ки онҳо бояд ба Тоҷикистон интиқол дода мешуданд.
Сарҳадбонон дар яке аз хонаҳои деҳаи Қарабок моли қочоқиро боздошт карданд. Дар доираи чорабиниҳои мубориза бо қочоқ 2,2 ҳазор кило селитра ва 2,5 ҳазор кило биринҷ кашф гардид.
Шаҳрвандоне, ки ба қочоқи бор машғуланд, барои тафтиши минбаъда ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супурда шуданд.
Пограничники на службе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Марзбонони қирғиз нагузоштанд, ки биринҷу селитра вориди Тоҷикистон шавад
Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов баъд аз Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон маҳсуб мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Лентаи хабарҳо
0