https://sputnik.tj/20220607/mahduduiyat-sodirot-ord-qazoqiston-1048997069.html
Орд гарон мешавад? Тамдиди маҳдудияти содироти орд ва гандум дар Қазоқистон
Орд гарон мешавад? Тамдиди маҳдудияти содироти орд ва гандум дар Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва ордро тамдид кард, гуфт вазири кишоварзии ин кишвар
2022-06-07T15:31+0500
2022-06-07T15:31+0500
2022-06-07T19:20+0500
қазоқистон
маҳдудият
содирот
гандум
орд
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047470200_0:179:1920:1259_1920x0_80_0_0_426a56076704542a5817be696038aec5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Қазоқистон маҳдудияти содироти ғалла ва ордро то 1 сентябри соли 2022 тамдид кард.Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев хабар медиҳад.Моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Қазоқистон қонуне қабул карда буд, ки тибқи он, барои содироти гандум ва орд то 15 июн маҳдудият ҷорӣ шудааст. Квота барои содироти гандум аз Қазоқистон 1 миллион тонна ғалла ва 300 ҳазор тонна орд муқаррар шудааст. Бар ивази ин истеҳсолкунандагони гандум ва орд бояд 10%-и онро ба бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаш кунанд.Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.Қасди Қазоқистон ба маҳдудияти содироти ғалла ва орд: он ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
https://sputnik.tj/20220520/non-tojikiston-garon-1048603479.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047470200_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_327bf947b41812e28cc96751e964c4b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, маҳдудияти содирот, гандум, орд,
қазоқистон, маҳдудияти содирот, гандум, орд,
Орд гарон мешавад? Тамдиди маҳдудияти содироти орд ва гандум дар Қазоқистон
15:31 07.06.2022 (Навсозишуда: 19:20 07.06.2022) Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро тамдид кард, гуфт вазири кишоварзии ин кишвар
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Қазоқистон маҳдудияти содироти ғалла ва ордро то 1 сентябри соли 2022 тамдид кард.
Дар ин бора
РИА "Новости" бо такя ба вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев хабар медиҳад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Қазоқистон қонуне қабул карда буд, ки тибқи он, барои содироти гандум ва орд то 15 июн маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Квота барои содироти гандум аз Қазоқистон 1 миллион тонна ғалла ва 300 ҳазор тонна орд муқаррар шудааст.
Бар ивази ин истеҳсолкунандагони гандум ва орд бояд 10%-и онро ба бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаш кунанд.
"Бо эҳтимоли зиёд, квота то 1 сентябр тамдид хоҳад шуд", - гуфт Карашукеев рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти ҳукумат ба хабарнигорон.
Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.