https://sputnik.tj/20220520/non-tojikiston-garon-1048603479.html
Дар Тоҷикистон нархи орд боз гарон шуд
Дар Тоҷикистон нархи орд боз гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон боз ҳам болоравии нархи орд ба қайд гирифта шуд. Ин бор на танҳо нархи орди воридотӣ – навъи олӣ, балки ватанӣ низ боло рафт
2022-05-20T18:40+0500
2022-05-20T18:40+0500
2022-05-20T19:39+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
орд
гароншавӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838766_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_33f24098c6fc2a9f8e3837de7560972c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи як ҳафта ҳам нархи орди воридотӣ ва ҳам орди тавлиди дохилӣ боло рафт. Ҳоло як халтаи 50-килоии орди навъи якуми қазоқӣ то 20 сомонӣ гарон шудааст. Ҳанӯз 14-уми май ин миқдор орд ба қимати 380 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло дар бозорҳо нархи он ба 400 сомонӣ расидааст. Нархи орди тоҷикӣ бо ҳамин вазн аз 375 то 380 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби гароншавии дигарбораи орд ҳанӯз рӯшан нест, зеро қаблан сабаби асосиро тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва содироту воридот гуфта буданд. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулот таҳти назорати давлат гирифта шудааст, аммо сарфи назар аз санҷишҳо арзиши маҳсулоти ғизоӣ тамоюли афзоиширо нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2022 воридоти орд ва гандумро мутаносибан 41% ва 7,6% коҳиш додааст. Кишвар 11,1 ҳазор тонна орд ва қариб 202,8 ҳазор тонна гандум ворид кардааст.Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орд ва гандум дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад.Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон 20 % боло рафт: сабаб дар чистЁдовар мешавем, ки орди гандумӣ яке аз маҳсулоти аслии ғизоии хонаводаҳои тоҷик аст. Дар Тоҷикистон нону кулча ба таври анъанавӣ ба миқдори зиёд пухта ва истеъмол мешаванд.
https://sputnik.tj/20220518/sughd-kishti-sholiro-ziyod-narkhi-osh-arzon-1048546951.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838766_226:0:1681:1091_1920x0_80_0_0_372ea46f6509780a7d238d9f41c72e6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, орд, гарон
Дар Тоҷикистон нархи орд боз гарон шуд
18:40 20.05.2022 (Навсозишуда: 19:39 20.05.2022) Дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон боз ҳам болоравии нархи орд ба қайд гирифта шуд. Ин бор на танҳо нархи орди воридотӣ – навъи олӣ, балки орди худӣ низ боло рафт
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи як ҳафта ҳам нархи орди воридотӣ ва ҳам орди тавлиди дохилӣ боло рафт.
Ҳоло як халтаи 50-килоии орди навъи якуми қазоқӣ то 20 сомонӣ гарон шудааст.
Ҳанӯз 14-уми май ин миқдор орд ба қимати 380 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло дар бозорҳо нархи он ба 400 сомонӣ расидааст.
Нархи орди тоҷикӣ бо ҳамин вазн аз 375 то 380 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби гароншавии дигарбораи орд ҳанӯз рӯшан нест, зеро қаблан сабаби асосиро тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва содироту воридот гуфта буданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулот таҳти назорати давлат гирифта шудааст, аммо сарфи назар аз санҷишҳо арзиши маҳсулоти ғизоӣ тамоюли афзоиширо нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2022 воридоти орд ва гандумро мутаносибан 41% ва 7,6% коҳиш додааст. Кишвар 11,1 ҳазор тонна орд ва қариб 202,8 ҳазор тонна гандум ворид кардааст.
Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орд ва гандум дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки орди гандумӣ яке аз маҳсулоти аслии ғизоии хонаводаҳои тоҷик аст. Дар Тоҷикистон нону кулча ба таври анъанавӣ ба миқдори зиёд пухта ва истеъмол мешаванд.