Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар вилояти Херсон аввалин бонки Русия боз шуд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь в Херсоне
Повседневная жизнь в Херсоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Чанд бонки дигари Русия ният доранд, ки дар ин минтақа филиалҳои худро боз кунанд. Мардум пас аз яку ним моҳ метавонанд дар ин бонкҳо суратҳисоб дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Аввалин бонки Русия дар қаламрави вилояти Херсон ба кор шуруъ кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Сокинони вилояти Херсон дар яку ним моҳ метавонанд дар нахустин бонки Русия суратҳисоб боз кунанд, гуфт Кирилл Стремоусов, муовини раиси маъмурияти низомиву шаҳрвандии вилоят.
"Ҳоло ҳама чиз дар шакли озмоишӣ ҷараён дорад, бонкҳо ба кор шуруъ мекунанд. Бо дарназардошти таҳримҳое, ки ҳоло ҷорӣ мешаванд, албатта, ҳамаи ин бонкҳо дар платформаи Русия ҳастанд", - гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ташкилотҳои қарзӣ аллакай ба фаъолият шуруъ кардааст.
Председатель Комитета Госдумы РФ по международным делам Леонид Слуцкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Слутский гуфт, кай Донбассу Херсон ба Русия мепайванданд
"Ҳоло тамоми низоми бонкӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад, ин кори вақт аст, аммо ҳама чиз хеле зуд анҷом мешавад. Фикр мекунам, ки дар давоми яку ним моҳи оянда одамон метавонанд суратҳисобҳои худро боз кунанд”, - афзуд ӯ.
Ин мансабдор қайд кард, ки бонкҳои Украина дар минтақа дигар кор намекунанд.
Қаблан Стремусов хабар дода буд, ки Украина ҳисобҳои бонкиро дар вилояти Херсон масдуд карда, пасандозҳои мардумро дуздидааст.
Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод
Артиши Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запороже дар ҷануби Украинаро таҳти назорат гирифт.
Дар ин минтақаҳо маъмуриятҳои ҳарбӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0