https://sputnik.tj/20220607/donishjudukhtar-tojik-khojagi-qishloq-haft-dastgoh-ikhtiro-1049002138.html
Донишҷӯдухтари тоҷик барои хоҷагии қишлоқ ҳафт дастгоҳ ихтироъ кард
Донишҷӯдухтари тоҷик барои хоҷагии қишлоқ ҳафт дастгоҳ ихтироъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯдухтар дар намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардидааст. Ӯ дар озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" низ ҷойи сеюмро гирифт 07.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-07T16:55+0500
2022-06-07T16:55+0500
2022-06-07T19:46+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
донишҷӯ
ихтироъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_b9f6d649595071377f3a83b6e2ddc4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Маҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯдухтари тоҷик барои соҳаи кишоварзӣ ҳафт дастгоҳ офаридааст, хабар медиҳад торнамои JOM.tj.Ба хабари манбаъ, Давлатқадамова донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.Ду дастгоҳе, ки ин донишҷӯдухтар ихтироъ намуд, "нерӯгоҳи барқӣ" ва "огоҳкунаки барқӣ" мебошанд, ки бо истифода аз ин дастгоҳҳо мушкилоти кишоварзӣ кам мешавад.Нерӯгоҳи ихтироъкардаи ӯ аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Илова бар ин огоҳкунаки беноқиле, ки Маҳҷабин офаридааст, ҳам дар хоҷагии қишлоқ, саноат ва инчунин дар соҳаи ҳарбӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад."Огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар додан аз офатҳои табиӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқуъ омадани офати табиӣ асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад", - менависад ин торнамо аз қавли ин донишҷӯ.Зикр гардид, ки номбурда дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст. Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фуруғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.Роҳёбии хонандаҳои болаёқат аз Хуҷанд ба олимпиадаи ҷаҳонӣ дар ОлмонҚаблан як хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 14 дар шаҳри Панҷакент "трактори ҳамакора" сохта буд, ки нуҳ намуди корро анҷом медиҳад.Трактор аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.Инчунин трактор ядаке дорад, ки то 1 тонна борро мекашад. Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд мебошад.
https://sputnik.tj/20220401/javoni-tojik-behtarin-donishjuyi-idm-1047254158.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_108:0:1813:1279_1920x0_80_0_0_be0f86e7d72b2895bde1b20eb821ad2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, илм ва фанноварӣ, донишҷӯ, ихтироъ
дар тоҷикистон, илм ва фанноварӣ, донишҷӯ, ихтироъ
Донишҷӯдухтари тоҷик барои хоҷагии қишлоқ ҳафт дастгоҳ ихтироъ кард
16:55 07.06.2022 (Навсозишуда: 19:46 07.06.2022) Донишҷӯдухтар дар намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардидааст. Ӯ дар озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" низ ҷойи сеюмро гирифт
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Маҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯдухтари тоҷик барои соҳаи кишоварзӣ ҳафт дастгоҳ офаридааст,
хабар медиҳад торнамои JOM.tj.
Ба хабари манбаъ, Давлатқадамова донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.
Ду дастгоҳе, ки ин донишҷӯдухтар ихтироъ намуд, "нерӯгоҳи барқӣ" ва "огоҳкунаки барқӣ" мебошанд, ки бо истифода аз ин дастгоҳҳо мушкилоти кишоварзӣ кам мешавад.
Нерӯгоҳи ихтироъкардаи ӯ аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Илова бар ин огоҳкунаки беноқиле, ки Маҳҷабин офаридааст, ҳам дар хоҷагии қишлоқ, саноат ва инчунин дар соҳаи ҳарбӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад.
"Огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар додан аз офатҳои табиӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқуъ омадани офати табиӣ асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад", - менависад ин торнамо аз қавли ин донишҷӯ.
Зикр гардид, ки номбурда дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст.
Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фуруғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.
Қаблан як хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 14 дар шаҳри Панҷакент "трактори ҳамакора" сохта буд, ки нуҳ намуди корро анҷом медиҳад.
Трактор аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.
Инчунин трактор ядаке дорад, ки то 1 тонна борро мекашад. Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд мебошад.